“МИНБАРИ ОШНОҲОИ ХУДАМ”

Замоне маҷаллаи “Хорпуштак” чунин рубрика дошт: Минбари ошноҳои худам. Дар ин ҷо ба тариқи танз кирдори ба шаъни ҷомеа номуносиб мавриди танқид қарор мегитрифт.

Акнун, пайравони ТТЭ ҲНИ минбари ҳар гуна конфронсу созмонҳоро ба минбари ошноҳои худ табдил дода, бозори найрангу фиребро метафсонанд. Ҳамин гуна як конфаронси байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи марказӣ:  Ислоҳот, саркӯбӣ ва радикализатсия” —рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи шаҳри Вилнюси Литва баргузор гардид.

    “Ҳадаф аз баргузории конфаронси мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ,коршиносон, муҳаққиқон, сиёсатгузорони Иттиҳоди Аврупо  ба масоил ва мушкилоти Осиёи Марказӣ: — аз ҷумла  нақзи ҳуқуқи башар, таъқиб ва саркӯби дигарандешон ва ба зиндон кашонидани онҳо, аз ҷумла дар заминаи гароишҳои ақидатӣ ва сиёсӣ, маҳдудияти бесобиқаи озодии баён, бӯҳрони фарогири сиёсӣ ва авомилу ангезаҳои тарки шаҳрвандон аз Ватан ва муҳоҷирати иҷбории онҳо ба Урупо, таъсири раванди муҳоҷират ва паёмадҳои он ба Иттиҳоди Урупо ва ҳамчунин нишонаҳое мусбат аз иқдомоти ахир дар умури мурооти ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон ва асароти он дар минтақа мебошад. Дар  ҷараёни кори конфаронс перомуни мушкилоти радикализатсия ва терроризм дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус дар Тоҷикистон баҳсу баррасиҳо сурат хоҳад гирифт.”

  Дар кори конфаронс муҳаққиқону коршиносон аз  аз марказҳои  илмиву пажӯҳишии кишварҳои Амрико, Бритониёи Кабир, Олмон, Лаҳистон, Австрия , Норвеж, Литва намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Вилнюс ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ, ба шумули созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ширкат доштанд.

   С.Фюрстенберг, пажӯҳишгар ва устод дар Донишгоҳи Оксфорди Бритониёи Кабир, Ф.Белафатти, муҳаққиқи умури Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Гронингенаи Нидерланд, С.Свердлов,пажӯҳишгар аз созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар, М.Фоссум,намояндаи минтақаии Кумитаи норвежии Ҳелсинки дар Осиёи Марказӣ, Даниил Кислов, сармуҳаррири хабаргузории “Фергана”  ва М. Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи иштирокчиёни ин конфаронс буданд.   Конфаронси мазкур бо ибтикори Асосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Пажӯҳишгоҳи осиёӣ ва фарҳангӣ ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати Донишгоҳи шаҳри Вилнюс баргузор шуд.

Хуб, аслан Асосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Паймони Миллии Тоҷикистон аз созмонҳои муътабар нест, ки дар аттрофи онҳо ҳарф занем. Аммо вақте дар такя ба минбари чунин конфронсҳои байналмилалӣ  Кабирию Илҳом Ёқубов ҳарзагуӣ намуда Ватани худро маломат мекунанд, хомуш буда наметавонем.

Хуб мешуд, ки ҳамин қадар олимону пажуҳишгарони хориҷӣ аз Тоҷикистон озодона боздид ба амал оварда бо дастовардҳои солҳои Истиқлолияти кишвар шинос шаванд, бо намонядагони ҳизбу созмонҳои мавҷудаи кишвар мулоқот ороста баҳри такмили фарҳанги сиёсӣ маслиҳати хешро дареғ надоранд.

Қурбонҷон Азизов ,

мудири шуъбаи тарбияи ДКМТ