САРНАВИШТИ ХУД НАДОНАМ ДАР КАДОМИН ДАФТАР АСТ

Ба майдони сиёсат ворид шудани нафарони ғофил аз одоби баҳс худ як даҳшат аст. Онҳо ба ҳар роҳу воситаи номатлуб пиёда кардани ғаразҳои сиёсии худро кушиш мекунанд. Мардуми сарбаланди тоҷик тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлатӣ ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона карда истодааст. Ҳукумати мамлакат барои расидан ба сулҳу созиш кӯшишҳои зиёдро дар ҷараёни гуфтушунид бо мухолифин амалӣ намуда, ҳатто барои аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфтани кишвар ва барои ояндаи ободи он бештари талабҳои ҷониби мухолифро қабул намуда, кирдорхои ношоистаи онҳоро бахшид.

Ва ҳоло он кирдорҳои нохалафи мухолифон имрӯз амсоли Илҳом Ёқубов авҷ гирифтанист. Гарчанде, ки миллат алайҳи ӯву ҳамсмаслаконаш мубориза барад ҳам, онҳо чун манқуртон ба хоҷагони худ вафодоранд ваи мисли сагон шабу рӯз дар хидмати онҳоянд. Илҳом Ёқубов то кунун дарк накардааст, ки паси ин “Худогуфтан” –ҳо ва “ғами миллат” хӯрданҳои Муҳиддин Кабирӣ чи асроре ниҳон аст. Ва Кабириву шиамазҳабонаш чиро хостгоранд?    Мо медонем, ки ҳодисаҳои нанговар  дар Тоҷикистон бо дасти кӣ шурӯъ шуду кадом дасти рашку ҳасуд бар иқболи пурсаодати миллати мо таҳдид ба миён овард? Кадомин нафарони бадхӯ, бадтинат ва фарзандони нохалаф, боис гардид, ки хуни ноҳақ бирезад? Оромию суботи Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки чун дарахти гул-гул шукуфон нумӯъ меёбад, кӯшиши ба решаи он теша заданро мекунад? Дидаи тифлони маъсумро гирён ва ҷигари волидайну аҳли оилаи ҳомиёни содиқи Ватанро сӯхта, хонадони пурсурурро мотамсаро мегардонад? Ин ҲНИ ва ҷомаи нави он созмони “Паймони миллӣ” аст, ки мехоҳад рӯзи наҳсро бар сари миллати мо таҳмил кунад.

Воқеаҳои солҳои  охир дар кишвар рӯй медиҳад, дили ҳамагонро ба дард оварда истодааст. Ташкили ошӯби зиндон ва бар асари ин ҷон бохтани бегуноҳон, куштори сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ ва дигар амалҳои номатлуби наҳзатиёни хиёнаткор, хосса думравони Муҳиддин Кабирӣ аст. Дар ин ҳамҳамаю овозаҳо саҳми Илҳом низ ногузир аст. Ӯ сари авлоду аҷдоди худро назди хоссу ом паст кард.  Ҳамагон, аз ҷумла онҳое, ки бо Илҳом ҳамкорӣ доштанд, ба рафтору кирдори ношоиста, хиёнаткоронаи ӯ нафрин мехонанд. Ва бегумон мегӯянд, ки  лаънаткардагони халқ бояд ҷазои худро бубинанд.

Ангушти  таассуф мегазем, ки онҳое даст ба ҷинояти хоинона заданд, ки бояд арзишҳои миллӣ, Истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои марзу буми Ватан ва ояндаи онро бояд ҳифз менамуданд.

Бешубҳа, дини мубини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст! Аммо мутаассифона, ҳамагон шоҳиди он гаштаем, ки ҷавонони мусулмон, фарзандони миллати барӯманди тоҷик имрўз дар кишвари Сурия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд.  Модарҳои зору гирён, ҳамсару фарзандони овораву парешон бошад, дар ватан ду чашм дар роҳи падару фарзанд. Бояд мо аз фарзандони худ бохабар бошем, мабодо, ки ба доми фиребгарон наафтанд. Бархе аз ҷавонони мо низ фирефтаи доми ин нобакорҳо гардадаанд. Чӣ шуд, ки мо аз фарзандони худ бехабар мондем, то бадхоҳон онҳоро ба вартаи ҳалокат афканданд? Бале ин фалокат ва ҳалокат аст! Мо бояд ваҳдати миллӣ, яккамазҳабиро нигоҳ дорем, ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем. Ин номбурдагон ба дороиву манзалат, шукӯҳу шома ва мақоми баландпоя дар сохторҳои бонуфузи қудратӣ, даст ба ҷинояти мудҳиш заданд. Ба ҳамагон маълум гашт, ки ин афродон аъзоёни ҲНИ ҳастанд, ки раиси ин ҳизб  Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Мувофиқи маълумотҳо вақте, ки ҷиноятҳои Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ошкор шуд номбурда аз ватан фирор намуд. Имрӯз аз хориҷа истода мехоҳанд мамлакати тинҷу ороми моро нороом созанд. Ба тамоми мардум мақсади ин ҳизб маълум шуд, ки инҳо чӣ нақшаҳо доранд. Бинобар ин Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ қатъ карда шавад. Ислом дини мукаммал аст ва дар он ягон нуқсону камбудие вуҷуд надорад. Агар ислом ба гурӯҳ-бандию ҳизб эҳтиёҷ медошт Расули акрам (с) аввалин шуда ҳизбро таъсис медоданд.

Сайидои Насафӣ мефармояд:

Кавкаби осоиши ман нест дар ҳафт осмон,

Сарнавишти худ,  надонам,  дар кадомин дафтар аст

Яъне, майдони мунозираю баҳси ин нагунбахтон оқибати нек надорад. Ҳар гуна сафсатахонии онон аз минбари конфронси “Осиёи марказӣ:  Ислоҳот, саркӯбӣ ва радикализатсия”, ки рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи шаҳри Вилнюси Литва баргузор гардид, шоистаи дастгирӣ нест.  

 

Норбоева Гулмира ,

омузгори кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ  дар шаҳри Бустон