Мизи мудаввар: аз Паём то Паём

Имрӯз дар факултети металлургия мизи мудаввар таҳти унвони “Аз Паём то Паём” баргузор гардид. Чорабиниро омӯзгори фаъоли кафедраи экология Саксанова Н.А. ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи ” Паём раҳнамо ба сӯи фардо” баромад намуд. Саксанова Н чанд нуктаи муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ёдовар шуда, муҳимияти ин санади тақдирсозро барои насли ҷавон таъкид намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур муовини декани факултети металлургия оид ба корҳои тарбиявӣ Расулова Мунзифахон суханронӣ намуда, ба ҳозирин чанд нуктаи Паёмро шарҳ дод.
Дар интиҳо миёни фаъолон мубоҳисаҳои созандаву судманд сурат гирифт.