Ҷаласаи назоратии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид

Субҳи имрӯз бо ширкати муовинони ректор, деканҳо, мудирони кафедраҳо, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим аз ҷумла назорати раванди таълим, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷараёни омодагӣ ва иштирок ба олимпиадаҳои фаннӣ, сифати таълим, ҷалби довталабон ба донишкада, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ баррасӣ карда шуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки дастгирии ҷавонон- саҳмгузорӣ ба фардои дурахшон мебошад.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур масоили ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои байналмиллалӣ мавриди баҳс қарор дода шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳар чӣ зудтар барои рушди донишкада талош варзанд.