Маҳалгароӣ ва ҷудоиандозӣ нишони андешаи носолим

  Дар натиҷаи талошҳову ҷоннисориҳои зиёди фарзонафарзандони миллат истиқлолият ва ваҳдати миллии тоҷикон ба даст омадааст, ки тӯҳфаи арзишмандест барои мероси фардо. Агар дигар кишварҳои пасошӯравӣ истиқлолият осонакак ба даст оварда бошанд, барои мардуми Тоҷикистон ин чиз осон ба даст наомадааст.  Садҳо тан фидо шуданд, то ин лаҳзаҳои оромро ба мо бидиҳанд.  Он рӯзҳо ҷангҳои гурӯҳӣ авҷ гирифта буд, ки тибқи маълумоти коршиносон ва олимони соҳа, сабаби аслияш ҳамин маҳалгароӣ буд. Бо истифода аз номи маҳал ва мавзеъ тоҷиконро нерӯҳои беруна бар зидди ҳам ба по мехезониданд, ки бо талошҳои сарвари хирадманди кишвар пеши роҳи ин гирифта шуд ва оташи ҷанг дар кишвар хомӯш гардид. 

   Албатта, ин ҳама баосонӣ ба даст наомадааст ва иттиҳоде, ки имрӯз тамоми тоҷикони ҷаҳонро муттаҳид мекунад, натиҷаи талошҳои мардони банангу ори миллат аст. Вале то ба имрӯз баъзе аз афроди ҷомеъа ин ҳодисаро фаромӯш карда боз ба маҳалгароиву гурӯҳбозӣ сар кардаанд, ки бисёр амали зишту манфист. Зеро мо аллакай як маротиба дидем, ки маҳалгароӣ чи паёмад дорад ва чӣ оқибатҳои нохӯше ба миллат меовард.

  Аз ин рӯ, камина аз ин ҳол ба хуби огоҳам ва таъкид месозам, ки ба маҳалгароиву гурӯҳбозӣ дода нашавед, зеро ин ба арзишҳову дастовардҳои миллии мо хатар меофарад ва аз ин шояд бегонагон манфиат ба даст оваранд. Ҳарчанд баъзе коршиносон иброз медоранд, ки ватандӯстӣ аз зодгоҳ ва маҳалли таваллуд сарчашма мегирад, аммо ин масъала на дар ҳама ҳолат дуруст  ҳисобида мешавад. Зеро шахсе, ки аз маҳал набаромадааст ва доим дар фикри маҳал ҳаст, чӣ гуна метавонад, обозори бузурге мисли ватандӯстиро дар майнаи худ ҷой диҳад??? Ин масъала бисёр нозукиҳо дорад ва барои шахсро ба дарки хуби меҳанпарастӣ расонидан ба ӯ бояд донишу саводи зиёде омӯхт, то маҳалро аз меҳани бузург фарқ бикунад.

 Обод намудану дӯст доштани маҳал зараре надорад, аммо дар ин росто шахс бояд ба арзишҳои миллӣ ба мисли фарҳангу забон ҳам эҳтиром қоил бошад. Зеро эҳтиром гузоштан ба Ватан ва арзишҳои моддиву маънавӣ ҷойгоҳи инсонро муайян месозад ва дар қатори ватандӯстони баландмардатаба қарор медиҳад. Ин албатта барои ҳар як шахс муҳим аст ва инсон бояд дар ҷомеъа ҷойгоҳи худро дошта бошад. Эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ худ намунаи аз ватандӯстӣ ва эҳтироми волост.  Пас бояд ҳар яки мо ватани азизамонро дӯст дорем ва арзишҳои маънавиро ҳифз намоем, муаррифгари беҳтарини фарҳангу забони миллати хеш бошем.  Обод кардани маҳал ва зодгоҳ беҳтарин амал аст, аммо ҷудоиандозӣ зишттарин ҳосили тафаккур аст ва аз он бояд бипарҳизем.

                                                               Парвизи Машҳур – омӯзгор