Изҳороти устодони кафедраи забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ

Мо як зумра устодони кафедраи забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ аз шароит ва вазъи баамал омада дар кишвари азизамон хуб огоҳ буда, рафтори душманон ва ифротиён ба мисли ТЭТ ҲНИ- ро дида, хеле нороҳат мегардем. Зеро ин тоифа аз бадбиниву бадхоҳӣ ободиву гул-гулшукуфоии ватанамонро надида, бардурӯғ аз дур истода танқид мекнунанд ва ҳарзагӯйи менамоянд, ки хилофи рафтори одамгарист.

  Мо талош мекунем, то дар рушду инкишофи Ватани азизамон саҳми арзандаву назаррасе гузошта бошем ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар арсаи байналмилалӣ кишвари азизамонро сазовор ва бо номи накӯву мавзеъҳои дилфиребаш муаррифӣ намоем. Мо мехоҳем, то номи нек ва хислати накӯи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем, аммо дар чанд соли охир пайдо шудани як зумра авбошон ва тундгароён зери унвони аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки на симои миллӣ доранду на ахлоқи тоқикӣ  моро хеле нигарон кардааст.  

 Мо омӯзгорони кафедра аз ин  фоҷиаи рӯз хеле ранҷ мебарем. Мо ин тӯдаи авбошонро дидан намехоҳем ва аз диданашон шарм медорем. Мо ин тоифаро ҳамватан ва ҳамнажоди худ ҳаргиз намеҳисобем ва ин афрод боиси баднангиву бадорӣ  ҳастанд.   Ин аблаҳон ва роҳгумзадаҳо намедонанд, ки худро ба куҷо бизанад ва аз ин лиҳоз санг бар ҷониби тоҷикистониёни азиз мепартоянд, ки амали норавову аблаҳии маҳз аст.  Ин тоифа на симову сирати дуруст дорад ва на рафтору маданияти воло. Аз ин хотир мо ин турфа сагони биёбониро маҳкум менамоем!

Вале ин шабу рӯзҳо моро рафтори САҲА хеле дар ҳайрат овардааст. Наход созмони пурнуфузи байналмилалӣ аз терористҳо ва авбошон пуштибони намояд??? Ин чӣ ҳол аст? Пас, дар оянда чӣ гуна ба ин гуна созмонҳо, ки аз хоинон ва созмонҳои ифротӣ пуштибони менамоянд бовар кард. Ин рафтори масъулони САҲА, ки ҳоло аз аъзо ва тарафдори ТЭТ ҲНИ пуштибонӣ мекунанд, моро сахт нигарон кардааст ва ин амал ба обрӯву эътибори кишвар дар ақсои олам латма мезанад, ки оқибати нек надорад. Аз ин рӯ, мо ин рафторро маҳкум намуда, норозигии худро амиқан иброз менамоем.