Медали Иттифоқи соҳавӣ муборак, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ барои муваффақиятҳои беназир ва саҳми беандозаашон дар соҳаи меҳнат аз ҷониби Иттифоқи касабаи “Союзметалл” бо медал сарфароз гардонида шуданд. Тибқи иттилои раиси Иттифоқи касабаи  донишкада Давлатов Давлатмаҳмад намояндагони Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ имрӯз медалро ба шаҳодатномааш ба роҳбари донишкада тақдим намуданд.

Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори донишкада н.и.и..дотсент Бахтиёр Маҳмадалиро самимона табрику таҳният гуфта ба он кас дар корҳои минбаъдаашон самимият ва бурдбориҳо таманно менамоем. Муҳтарам ректор, қадршиносӣ гардидани шумо бо ин медал натиҷаи талошҳову кӯшишҳои пайвастаатон барои пешрафти кор ва беҳбуд ёфтани зиндагии мардум мебошад, ки мо аз ин хурсандем. Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!