МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Электроэнергетика яке аз соҳаҳои стратегӣ ва заминагузори рушди иқтисодиёти кишварҳои олам азҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Нақши он дар фаъолияти саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ хеле наззаррас мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (гидроэнергетика, энергияи боду офтоб ва ғ.) мебошад. Истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар асосан аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ мегардад. Ҳиссаи гидроэнергетика дар тавозуни тавлиди нерӯи барқ тақрибан 98 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ба мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ ва релефи кӯҳистонии ҷумҳурӣ вобаста мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар рушди соҳа саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас мебошад. Азбаски соҳаи электроэнергетика кафили рушди дигар соҳаҳо маҳсуб меёбад, аз ибтидои фаъолияти худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақ ёфтани соҳа диқати махсус дода истодаанд. Ин буд, ки қисми зиёди иншоотҳои электроэнергетикии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд карда шуда, системаи ягонаи электроэнергетикӣ ташкил карда шуд. Рушди электроэнергетикаи Тоҷикистонро дар даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ ба чор марҳилаи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст:
Ташаккули низоми миллӣ;
Барқарорсозӣ ва таҳкими амнияти энергетикӣ;
Бунёди иқтидорҳои нав;
Навсозӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва НБО-и «Роғун».
Марҳилаи аввал солҳои 1991–1997-ро дар бар мегирад. Дар ин давра мушкилоти гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва таъсири манфии низоъҳои дохилӣ имкон намедод, ки соҳа рушд ёбад. Дар ин солҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат нигоҳ доштани фаъолияти неругоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла НБО-ҳои «Норак», «Бойғозӣ», «Сарбанд» ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ буд.
Аз нуқтаи назари техникӣ, асоси низоми барқии кишвар аз таҷҳизоте иборат буд, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар солҳои пеш аз истиқлол сохта шуда буд. Коҳиши маблағгузорӣ, фарсудашавии таҷҳизот, зиёд шудани талафот дар шабакаҳо ва маҳдуд гардидани робитаҳои энергетикии минтақа ба фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расониданд. Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани иқтидори мавҷудаи истеҳсол ва шабакаҳои интиқоли барқ барои пешгирӣ аз буҳрони амиқи энергетикӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт.
Марҳилаи дуюм солҳои 1997–2006-ро фаро мегирад. Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар имконият барои татбиқи барномаҳои дарозмуддати иқтисодию энергетикӣ фароҳам шуд. Дар ин давра масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардид.
Самти асосии корҳо ба таҷдиди иншооти мавҷуда, сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, беҳтар намудани таъминоти барқи аҳолӣ ва кам кардани вобастагӣ аз таъминоти беруна равона гардид. Рушди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон, аҳамияти иҷтимоӣ дошт. Чунин неругоҳҳо барои деҳаҳое, ки ба шабакаи марказӣ пурра пайваст набуданд, манбаи муҳими нерӯи барқ гардиданд.
Аз ҷиҳати илмӣ, сохтмони НБО-ҳои хурд ба истифодаи захираҳои маҳаллии об, кам намудани дарозии хатҳои интиқоли барқ ва паст кардани талафоти дар шабака мусоидат мекунад. Ҳар қадар масофаи интиқоли барқ кам бошад, ҳамон қадар талафоти фаъол дар ноқилҳо ва арзиши хизматрасонии шабака паст мегардад.
Марҳилаи сеюм солҳои 2007–2016-ро дар бар мегирад. Дар марҳилаи бунёдӣ сохтмони неругоҳҳои барқии обии нав ва густариши инфрасохтори электроэнергетикӣ густариш ёфт. Аз ҷумла, ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1» ва НБО-и «Сангтӯда-2» дар боло бурдани иқтидори истеҳсолии кишвар саҳми назаррас гузошт.
Дар ҳамин марҳила корҳои муҳими сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» фаъол гардиданд. НБО-и «Роғун» ҳамчун иншооти калидии стратегӣ барои зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, танзими мавсимии истеҳсоли нерӯи барқ ва кам кардани норасоии барқ дар фасли зимистон арзёбӣ мешавад. Таҳқиқоти байналмилалӣ иҷрои лоиҳаи неругоҳро аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ имконпазир дониста, аз соли 2016 корҳои сохтмонӣ аз нав оғоз шуданд.
Ҳамзамон, ба рушди хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Таъмини устувории кори шабака дар сатҳҳои 110 кВ, 220 кВ ва 500 кВ барои интиқоли иқтидор аз неругоҳҳо ба марказҳои истеъмолӣ ва минтақаҳои саноатӣ аҳамияти муҳим дорад. Ин иқдомҳо имкони баланд гардидани эътимоднокии таъминоти барқ ва идоракунии беҳтари реҷаи сарбории шабакаро фароҳам оварданд. Маҳс дар ҳамин давра хатти интиқоли барқии баландшиддати “Ҷануб – Шимол” бо шиддтати 500 кВ бсохта баистифода дода шуд, ки ба ин васила системаи ягонаи электроэнергетикӣ дар кишвар ташкил карда шуд.
Марҳилаи чорум аз соли 2017 то имрӯзро дар бар мегирад. Дар ин давра соҳаи электроэнергетика ба марҳилаи нави рушди технологӣ ва сармоягузорӣ ворид гардид. Сохтмони НБО-и «Роғун» бо суръат идома ёфта, ду агрегати он ба истифода дода шуд, таҷдиди НБО-ҳои “Норак”, “Қайроққум” амалӣ карда шуд. Ба бунёди ба нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ашт бо иқтидори умумии 500 МВт санги асос гузошта, қисмати аввали он дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иқтидори 250 МВт ба истифода дода шуд, ки ба коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, ҷорӣ намудани ҳисобгирии муосир ва тавсеаи ҳамкории энергетикӣ бо кишварҳои минтақа замина гузошта шуд.
Ҳамзамон, дар ин марҳила ҳамгироии энергетикии Тоҷикистон бо бозори минтақавӣ низ густариш меёбад. Лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли барқи барзиёди мавсимии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ шудааст. Хати интиқоли 500 кВ-и «Датка–Суғд» яке аз унсурҳои муҳими робитаи энергетикии минтақа буда, барои интиқоли барқи истеҳсолшуда ва рушди содироти нерӯи барқ замина фароҳам меорад.
Дар оянда рушди электроэнергетикаи Тоҷикистон бояд ба чанд самти илмӣ-техникӣ такя намояд:
Ба анҷом расонидани сохтмони НБО-и «Роғун» ва баланд бардоштани иқтидори тавлиди нерӯи барқ;
Таҷдиди пурраи неругоҳҳои амалкунанда ва иваз намудани таҷҳизоти фарсуда;
Кам кардани талафоти техникӣ дар шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ.
Ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, низомҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ ва технологияҳои рақамӣ;
Рушди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ барои диверсификатсияи манбаъҳои энергия;
Баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи барқ дар саноат, муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ;
Тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва афзоиши содироти нерӯи барқи «сабз».
Стратегияи рушди энергетикии кишвар то соли 2030 аз афзоиши иқтидори насбшуда, зиёд кардани содироти нерӯи барқ, коҳиши талафоти шабакавӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои тавлид иборат мебошад. Аз ҷумла, ҳадаф гузошта шудааст, ки иқтидори насбшуда 10 ГВт афзоиш ёбад, талафоти техникӣ 10 фоиз кам карда шавад ва ҳиссаи манбаъҳои ғайригидроэнергетикӣ дар тавозуни истеҳсол афзоиш ёбад.
Эшов ЗУЛФОН
и.в. мудири кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон