Номаи табрикотии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба 25- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони гиромӣ!

Омӯзгорону кормандони муҳтарам!
Донишҷӯёни саодатманд!

Тавре, ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо мардуми азизи кишварамон баҳри сазовор таҷлил намудани 25- солагии Ваҳдати миллӣ ва ё имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ омодагӣ мегиранд, ки ин бесабаб нест. Зеро маҳз бо имзои Созишномаи сулҳ дар кишвар сулҳу оромӣ ҳукмфармо гардид. Ҳамагон медонем, ки ҷаҳони муосир дар ҳоли ҳозир ба бисёр чолишҳои сиёсӣ ва масъалаҳои глобалӣ рӯбарӯст, ки ҳамаи инро нодида гирифтан амали нодурусту ношоёне хоҳад буд. Феълан, замоне фаро расидааст, ки ҷомеаи муосирро пайваста дар ҳоли ногувор қарор медиҳад ва ин ҳам бошад, ҷараёни ҷаҳонхоҳӣ аз ҷониби кишварҳои абарқудрат аст. Албатта, барои миллати тоҷик ин маърака нав нест ва миллати шарафманди тоҷик хушбахтона аз ин имтиҳони сангин бо шарофати фарзандони ба нангу ораш гузашт. Замоне буд, ки бегонагон мехостанд, миллати тоҷикро пора- пора кунанд ва давлатдории тоҷиконро ба нестӣ баранд, ки хушбахтона бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу ваҳдат расидем ва миллати тоҷик аз ин хатар наҷот ёфт.

Ҷоннисорӣ ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу ваҳдат ногузир аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ин формулаи наҷоти миллати Сарвари хирадмандамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода менамояд, ки ин ҳам нишони баланди фарҳанги воло ва хотираи қавии давладории миллӣ мебошад.

Хушбахтона, миллати тоҷик наҷот дода шуд ва имрӯз дар фазои сулҳу салоҳ зиндагӣ мекунад, ки ин боиси хушнудии мост.
Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз, донишҷӯёни гиромӣ ва омӯзгорони арҷмандро ба 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва саодати мудомро таманно менамоям. Доимо дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парандаҳои сулҳ парвоз намоянду миллати тоҷик саодатманд бошад!
25- солагии  Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони арҷманд!

Бо эҳтиром,

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ