Унвонҷӯи донишкада Раҳимов Ҳаётқул ба донишгоҳи МИСИСи Маскав рафт

Тавре, ки аз кафедраи металлургия иттилоъ доданд,   пас аз ба итмом расидани раванди таълим дар донишкада омӯзгори кафедраи металлургия ва ҳамзамон унвонҷӯ барои дарёфти дараҷаи илмӣ дар бахши техникӣ Раҳимов Ҳаётқул баҳри гузаронидани пажӯҳиши илмӣ дар озмоишгоҳҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия ба шаҳри Маскав сафар намуд.
Феълан, Раҳимов Ҳаётқул дар Донишгоҳи МИСИСи шаҳри Маскав корҳои таҳқиқотияшро оғоз намуд ва дар назар аст, ки бо дигар донишгоҳҳои техникии ин кишвар ҳамкорӣ намояд. Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем Раҳимов Ҳаётқул давраи пешдифои рисолаи номзадияшро дар кафедра гузашт ва дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ ширкат намуд.
Ёдовар мешавем, ки донишгоҳи МИСИСи Федератсияи Россия бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва олимону унвонҷӯёни донишкада дар ин самт ҳамкориҳояшонро тақвият
медиҳанд.


Шуъбаи иттилоот