Шанбегии умумӣ баргузор гардид

Рӯзи шанбе дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур ҳамаи омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд. Тибқи иттилои сардори шуъбаи хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад кормандони бахши хоҷагӣ низ дар шанбегии мазкур фаъолона ширкат намуда,тамом атрофи донишкада, роҳравҳои ва гулгаштҳои наздик ба хиёбони марказиро тоза намудаанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз як қатор кафедраҳо ва биноҳо озмоишгоҳҳо пурра аз таъмир бароварда шуд.
Шуъбаи иттилоот