КОНФРОНС ДАР ДКМТ: Ташкили марказҳои логистигӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои ҳамлу нақли автомобилии борҳои саноатӣ

Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва олимони соҳа бахшида ба Солҳои рушди саноат конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ташкили марказҳои логистигӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои ҳамлу нақли автомобилии борҳои саноатӣ” баргузор гардид.
Қисмати ифтитоҳиро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо оғоз намуда, роҷеъ ба ин масъала суханронӣ кард.
Сипас, дар мавзӯи “Фаъолияти Муассисаи давлатии ” Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар вилояти Суғд дар 10 моҳи соли 2023″ Исмоилов Шавкатҷон ҷонишини сардори раёсати МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар вилояти Суғд баромад намуда, перомуни фаъолияти маркази мазкур ва навгониҳову мушкилоти мавҷуда дар ин соҳа гуфта гузашт. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур магистранти бахши дуюми филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мамадҷонов Мардон дар мавзӯи ” Такмили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар рушди иқтидори воридотивазкунии саноатӣ” , донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаши факултети металлургияи донишкада Раҷабов Собирҷон дар мавзӯи “Таърих ва пайдоиши долонҳои нақлиётӣ” баромад намуда, вобаста ба мавзӯъ чанд пешниҳоди хешро низ ироа сохта, ба суолҳои ҳозирин посух доданд.
Баъдан, кори конфронс дар бахшҳои “Логистика ва самтҳои умумитехникӣ” ва ” Экология, саноат, иқтисодиёт ва омода намудани кадрҳо” идома пайдо кард.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургияи донишкада баргузор карда шуд.