Баргузории маҳфили “Ал-ҷабр”-и кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Дирӯз, дар аудиторияи №207 маҳфили навбатии “Ал-ҷабр” зери  роҳбарии омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатика Норбобоева Г.Б. баргузор гардид.

Дар маҳфил ассистенти кафедра Абдураҳмонова А.И. оид ба мавзӯи “Нақши технологияи иттилоотӣ дар пешрафти иқтисодиёт”, инчунин донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси 270101-09т(Б) Алиева Хайринисо дар мавзӯи “Ҳалли мисолҳо бо барномаи Mathcad” ва донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси 510101 А Холиқов Муҳаммадҷон дар мавзӯи “Бозиҳои математикӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баромад намуданд.

Ҳамчунин, аъзоёни маҳфил дар чорабиниҳои илмии донишкада ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ фаъолона иштирок меварзанд.