Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Хуршеди истиқлол” дар донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Хуршеди истиқлол” бо ширкати меҳмонони болотсатҳ  раиси шаҳри Бӯстон  муҳтарам Раъно Ҳошимзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Гулнора Исломовна, раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода   баргузор гардид. 

Конфронсро нахуст раиси КИ ҲХДТ  Миршакар Ҷалолзода ифтитоҳ намуда, сухани ифтитоҳиро ба раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода доданд. Муҳтарам раис дар суханронии хеш аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдвар шуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар наҷоти миллату давлат ва аэҳёи суннатҳои қадими ниёкон бориз арзёбӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки маҳз дар даврони мустақилият Тоҷикистон тавонист бо зиёда аз 179 давлати ҷаҳон равобити димломатӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ барқарор намояд, ки ин худ аллакай дастоварди бузург дар самти равобити берунии кишвар мебошад.

Ҳамзамон, дар конфронси имрӯза намояндаи  Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Гулнора Исломовна паёми табрикотии раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ба ҳозирин қироат намуда, ҳозиринро ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохон  суханронӣ карда, дар суханронии хеш аз хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқтидору тавони иқтисодии ҷумҳурӣ ёдовар шуданд.

Дар интиҳои маҷлис ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ низ маърӯза  хонда, қайд намуданд, ки дар шароите, ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард вазъи сиёсии ҷаҳон ба бӯҳрон гирифтор шуда буд ва ин раванд ба кишвари мо низ таъсири худро расонид, ки он замон хатари аз байн рафтани  ватани мо низ вуҷуд дошт ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду зиракии сиёсии хеш бо иттиҳоди миллати сарбаланди тоҷик тавонистанд, ки кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд, ки ин хидмати бузург ва идомаи истиқлолияту саодати миллат мебошад.

Дар интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизбӣ дар шаҳри Бӯстон сипосномаву ифтихорнома бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи иттилоот