Оғози соли хониш бо ширкати меҳмонони олиқадр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати меҳмонони олиқадр муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода ва ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ рӯзи дониш ва дарси сулҳ таҷлил карда шуд.

Чорабиниро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода доданд. Раиси шаҳр муҳтарам Раъно Ҳошимзода ҳозиринро ба рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, оғоли соли хонишро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла илова намуданд, ки саҳми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкориву металлургия ва пешрафти саноати ватанӣ басо бузург аст ва умед мебандем, ки дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунии босуръати кишвар низ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Сипас, муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Хол Ҳайдар ҳозиринро ба оғози соли хониш табрик намуда, паёми табрикотии муовини Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонида, аз лаҳзаҳои аввалини таъсис донишкада ва ба як муассисаи сатҳи бузурги ҷумҳуриявӣ расиданаш ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, муҳтарам Хол Ҳайдар таъкид доштанд, ки дар замони муаррифии ректори тозаинтихоби донишкада дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ шахсан ҳузур доштам ва ҳоло мебинам, ки дар як муддати кӯтоҳ донишкада чӣ қадар тағйир ёфтаасту чӣ қадар корҳои ободониву созандагӣ ин ҷо ба анҷом расидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯз аз рӯз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ободу зебо гардида, мутахассисони варзидаи соҳаро омода менамояд, ки ин барои пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Сипас, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба оғози соли хониш табрику таҳният гуфтанд. Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор хатмкунандагон дипломи аъло тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот