Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқгардида ва аз рӯйи муроҷиати шаҳрвандон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки  тибқи муқаррарот ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ 4 нафар шаҳрванди шаҳри Бӯстонро, ки барои пайдо намудани ҷойи корӣ муроҷиат намуда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар қабули имрӯза, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина, мудирони кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ ва экология ҳамроҳӣ намуданд.

Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта, муроҷиати ононро шуниданд ва сипас ба масъулон супориш доданд, арзи шаҳрвандон аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда қонеъ гардонида шавад.

Шуъбаи иттилоот