Консерти солинавии ДКМТ барои сокинони Бӯстон

Бахшида ба таҷлили солгарди Соли нави мелодӣ ва пешвози соли 2020 дар назди Қасри Фарҳанги шаҳри Бӯстон дар сояи арчаи солинавӣ консерти солинавии ансамбли Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон “Ҷилои Ёқут”  баргузор гардид, ки дар он ҳама аъзоёни ин ансамбли ҳунарӣ ва донишҷӯёни Донишкада ҳунарнамоӣ намуданд.

Тавре аз раёсати ДКМТ ба мо иттилоъ доданд, ин консерти солинавӣ бо ташаббуси роҳбарияти донишкада ва дар ҳамкори бо МИҲД шаҳри Бӯстон баҳри тамоми сокинони ин шаҳрак ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар консерти имрӯза сокинони шаҳри Бӯстон, ҳаводорони санъати асил, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишкада ширкат намуданд ва аз ҳунари дастпарварони ДКМТ хуш истиқбол намуданд.

Дар ин замина роҳбари ансамбли “Ҷилои Ёқут”-и ДКМТ талош намудааст, то барномаи рангорангро пешкаши сокинон ва ҳаводорон гардонад.

Умедворем, ки дар соли нави пешомад, ҳама ҳамин гуна хушу саодатманд ба кору зиндагии хеш идома медиҳанд ва дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд ва баҳри ободии сарзаминамон талош меварзанд, мегӯяд мудири шуъбаи тарбияи ДКМТ Азизов Қ.М.

Шуъбаи иттилоотӣ