ДОҒРО БО НИҚОБ НИҲОН ДОШТАН НАШОЯД

Пас аз расман аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҲНИ” ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шуданаш аъзоёни он бо роҳбараш кабирии палиду манфуру пулпараст ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурда, як қисми онҳо дар Аврупо маскан гирифтанд ва дар ҳамон ҷо фаъолияти хоинонаву душманонаи худро бар зидди миллати тоҷик идома медиҳанд.

Ҳоло ин наҳзатиёни палиду разил ба хотири боз ҳам вусъат бахшидани хиёнат ва тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ дар Аврпуо якчанд гурӯҳҳои хурди террористӣ-экстремистиро бо номҳои гуногун боз намуда, муборизаро бар алайҳи миллати тоҷик шурӯъ намудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади руйпӯш намудани ҷиноятҳояш Муҳиддин Кабири роҳбари ТТЭ ҲНИ ва яке аз террористони айёру моҳири аср ташкилоти террористӣ-экстрнемистии Паймони миллиро ташкил кардааст, ки ҳаматарфа аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон  сармоягузорӣ мешавад ва дар ин маврид далелҳо раднашавандае дар даст дорем.

Аммо чизи дигаре, ки моро ин ҷо ба ҳайрат овардааст ин пинҳон намудани воқеият аз ҷониби ин тоифаи бадкеш аз мардум мебошад ва бад ин васила кабирии палиду разил мехоҳад бо ниқоби нав гуноҳҳо ва асосан гузаштаи худро ба таври комил пинҳон нигоҳ дорад.

Ва дар байни ҷавонон худро ҳамчун террорист, балки як демократ ва озодихоҳ муаррифӣ кунад, то зиёдтар онҳоро гумроҳ намояд. Дар асл бошад ин палиди мараз Кабирии террорист душмани озодиву ҷомеаи озод мебошад ва ҳамеша дар хидмати хоҷагони хориҷияш аст, ки хӯи ҳайвониву сирати шайтониро ба худ касб кардааст.

М. Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ