БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ УМУМӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он  донишҷӯёну кормандони факултетҳои  электромеханика, металлургия ва корҳои кӯҳӣ, ҳамчунин кормандони бахши хоҷагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳни донишкада, хиёбону кӯчаҳои атрофи муассиса ва хиёбони шафати бинои асосиро поккорӣ намуданд.

Дар як қатор қисматҳои Донишкада корҳои ободониву созандагӣ низ роҳандозӣ карда шуд.