ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД НА БО ЧАШМИ ТЕРРОРИСТӢ!

Саидюнуси Истаравшанӣ аз террористони охундпараст ва аз ифротгароёни ашадии ҳомии наҳзатиёни палид дар матлабе таҳти унвони “Нақд бояд чӣ гуна бошад // Рисолаи Далер Шарифов ба унвони намуна” чанд ҷумлаи зидду нақизе гуфтааст, ки асло ба ҳақиқат рост намеояд ва бештар даст тӯҳмати окшоро задааст. Зеро ӯ мегӯяд: Иддаои “бетарафӣ” хеле иддаои бузургу гунда аст, ва дар арзёбии масоил ҳар касе тавони якчунин иддаоеро надорад, ва шахсан банда мӯътақидам, мо дар дунё одами тамоман “бетараф” надорем, магар он ки аз ҷинси одам набошад. Зеро одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд аст ва гароише дорад, ҳол чӣ ин гароиш як гароиши динӣ бошад ва чӣ ғайридинӣ. Гароиш, ки рангу бӯи махсусе надорад.”

Аз ин нуктаи назар ва аз ин ҷумлаҳои овардаи муаллифи террористпарвар ва он ҳам ба ном “доно” чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ӯ мехоҳад аз Далер Шарифов муаллифи рисолаи “Муҳаммад (с)  ва терроризм” ҳимоят кунад вале ҷое ноогоҳона ин ҷумларо овардааст “одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд аст ва гароише дорад”, ки ҳамин ҷумла ифротгаро ва пайрави ақоиди созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” будани Далер Шарифовро тасдиқ мекунад. Зеро Истаравшании террорист ин ҷо даъво дорад, ки ин журналисти террористпарвар ва ифротгаро дигар иваз шуда наметавонад ва ӯ ҳамин роҳи ифротгароиро пайравӣ мекунад.

Ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки Истаравшанӣ то ҷое саросема шудааст ва намедонам аз барои чӣ бошад, бештар ба буҳтонзанӣ пардохтаасту мавқеашро пинҳон нигоҳ надоштааст ва ҳар қадаре, ки тавонистааст, рӯйи таълифоти рисолае, ки бештар ифротгароиро тарғиб мекунад, побанд шудааст ва шояд ба ҳамин васила хостааст, то ҳамтои террористу экстремисташро ҳимоят кунад.

Аммо воқеият ин аст, ки ин террористи наҳзатӣ на як солу ду сол, балки чандин сол ғояҳои ифротиро тарғиб кардааст ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Муҳаммад Мурсӣ роҳбари созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ҳимоят кардааст, ки ин аллакай мавқеи ӯро равшан сохтааст.

Пас чӣ гуна мешавад, чунин нафарро журналист гуфт??

Чӣ гуна нафаре, ки аз ифротгароён ҳимоят мекунад ва андешаҳои онҳоро тарғиб мекунад, метавонад ҳамчун журналист, беғаразона ба ҷомеа хизмат кунад???

Қабл аз оне, ки мо ӯро журналист бигӯем, бояд инро ҳам ба инобат гирем, ки ӯ чаро ба пешаи журналистика хиёнат кард???

Оё журналистоне, ки аз ӯ ҳимоят мекунанд ба ҳамин савол ҷавоб дода метавонанд, ки оё вазифаи журналистика ин тарғиби ғояҳои  ифротгароӣ ва террористӣ мебошад???

Ин ҷо бештар муаллиф талош кардааст, ки ба гунае, рисолаи таълиф намудаи Далер Шарифови ифротгароро ҳимоят кунад ва аз ислом мисолҳо овардааст, то айби муаллифро пинҳон нигоҳ дорад, ки фикр мекунем, мардум кайҳо ин найранги наҳзатиёнро медонанд ва ҳаргиз ба ин сафсатаҳо дода намешаванд.

Самадова Г

омӯзгори ДКМТ