ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…

Айни замон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вазъи нооромӣ бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, миллатҳоро зарур аст, ки баҳри наҷот ва ҳимояи  қишри осебпазири ҷомеа аз ҳар гуна падидаҳои номатлуби асри ҷаҳонишавӣ барномаи вижае омода намоянд. Зеро тавре, ки медонем феълан дар ҷаҳон зиёда аз 70 гурӯҳҳои мазҳабии тундрав фаъолият дорад, ки ин гурӯҳҳо аллакай дар бисёре аз кишварҳои Шарқ амсоли минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои арабӣ хайма задааст ва аз ҳамон ҷо фаъолияти худро идома медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аксарияти ин гурӯҳҳо аз минтақаҳои зикргардида аллакай баромада доманаи фаъолияти худро то ба кишварҳои Шарқи дур расонидаанд, ки бисёр хатарнок аст. Аксарияти ин гурӯҳҳо дар асоси мазҳаб ва ихтилофҳои динӣ ба вуҷуд омада, феълан бо сармоягузорӣ шуданашон аз ҷониби давлатҳои қудратхоҳ ба фаъолияти террористӣ пардохтаанд ва аз дин дар ин гурӯҳҳо фақат ном боқӣ мондаасту халос.

Ҳоло ин гурӯҳҳо дигар ба дину мазҳаб кор надошта, барномаи махсуси худро доранд, ки тариқи ноором сохтани минтақа ба ин ё он давлат медароянд ва фазои осоиштаро вайрон намуда ба нақшаҳои нопоки худ мепардозанд. Мисоли ин тоифаро мо дар ДИИШ дида метавонем, ки чи хел дар як муддати кӯтоҳ давлати Сурияро ба харобазор табдил дод.

Ин гурӯҳҳо манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои мазҳабиро умуман қабул надоранд ва ҳадафи аслии онҳо низ нест кардани қавму миллатҳо ва аз ҳамин роҳ хароб сохтани давлатҳои хурди рӯба тараққӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз миллатҳоро зарур аст, ки ҷавононро аз ин гуна гурӯҳҳо эмин нигоҳ доранд, зеро ин гурӯҳҳои ифротӣ бо баҳонаҳои зиёд ҷавононро гумроҳ сохта, сипас ба доми худ мекашанд.

Мисоли оддии инро мо дар ТЭТ ҲНИ метавонем бозгӯ намоем, зеро маҳз ҳамин ҳизби ифротӣ дар як муддати кутоҳ тавонист бо истифода аз номи ислом маҳбубияти зиёди мардумро соҳиб шаваду ба найрангҳои худ идома диҳад. Наҳзатиёни палид ҷавонони зиёдро гумроҳ намуда, солҳои 90-ум хунрезиро ба авҷи баланд расониданда кишвари ободу зеборо ба як харобазор табдил доданд.

Ҳоло ҳамин наҳзатиёни палид дар хориҷ қарор доранду мехоҳанд бо истифода аз интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон таъсир намуда, онҳоро ба доми фиреб кашанд ва гумроҳ намоянд. Ҷавонони фиребхӯрда пас аз ба дом афтодан ҳаргиз аз онҳо халос шуда наметавонад ва маҷбур аст, ки машғули амалҳои террористӣ шавад. Мо ин гуна мисолҳоро метавонем зиёдтар бигӯем, аммо ба назари ман ҳаминаш кифоя аст, ки ҷавонон аз ин гурӯҳҳо огоҳ шаванд ва худро аз макри онҳо эмин доранд.

                                                                               Парвизи Машҳур

                                                                               омӯзгори ДКМТ