ИЗҲОРОТИ УСТОД САДРИДДИНОВ А.: ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БОЯД БАХШИДА НАШАВАНД!

Рӯзҳои охир мебинем, ки бисёре аз расонаҳои хориҷӣ ва махсусан расонаҳое, ки берун аз кишвар фаъолият доранд, пурра ба танқиду дурӯғпартоӣ гузашта, кӯшиш мекунанд, ки хиёнатҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ  ва роҳбари он Кабирии чаласаводро рӯйпӯш намоянд. Маълум аст, ки ин расонаҳо ба аъзоёни ТЭТ ҲНИ тааллуқ дорад ва онҳо бо истифода аз имконияти интернет ба чунин амалҳо даст мезананд.

Аммо фикр намекунанд, рӯзе ҳатман онҳо низ бо сокинони кишвар дар кадом гӯшаи ҷаҳоне, ки набошад рӯ ба рӯ мезананд ва он вақт чи гуна ба ҳамватани худ менигариста бошанд?!

Бо ин қадар хиёнату хунрезӣ ва фиребу найранг аъзоёни ТЭТ ҲНИ боз шарм надошта аз номи миллат гап мезананд ва худро гувоҳи олами сиёсат мешуморанд, ки дар асл дониши як талабаи мактабро надоранд.

Наҳзатиёни палид фикр мекунанд, миллат онҳоро намедонад ва онҳо метавонанд хиёнатро идома диҳанд, аммо ин хел нест. Мо хуб медонем, ки солҳои 90-ум наҳзатиёни ифротӣ чӣ қадар хуни мардуми бегуноҳро рехтанд ва садҳо ҷавонро сарсону саргардон намуданд.

Аз ин рӯ, камина фаъолияти ин гурӯҳи ифротиро дар хориҷа маҳкум намуда, талаб менамоям, ки хиёнаткорони миллат ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.