ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ ВА ДУРӮҒИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Тавре, ки маълум аст, интихобот дар кишвар ба таври шаффоф ва озоду демократӣ гузашт ва дар ин албатта ягон ҷойи шакку шубҳае вуҷуд надорад. Аммо баъзе аз расонаҳои резахӯри хони наҳзатиёни ТТЭ ҲНИ  ба монанди радиои “Озодӣ” талош менамуданд, ки воқеиятро аз мардум пинҳон нигоҳ доранд ва бо гузоришҳои сохтаи худ кӯшиш мекарданд, ки ҷомеаро гумроҳ кунанд, аммо хушбахтона ба ин мақсад нарасиданд.

Зеро ҷомеаи кишвар хуб дарк намуд, ки гӯш додан ба ҳарфи душманон ва хоинону ҷосусон бар нафъи ободиву осудагии кишвар нест ва сафсатаи онҳо минҷумла наҳзатиён як роҳи гумроҳсозиву иғвҷобарангезӣ ҳасту халос. Аз ин лиҳоз сокинони кишвар оромона ба интихобот рафтанд ва ба таври озодона раъйи худро ба номзади арзандаи худ доданд, ки ин хеле ҳам муҳиму саривақтӣ мебошад.

Дар робита ба ҷараёни интихобот роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев  чунин изҳорои ақида намуд: “Интихобот дар Тоҷикистон ба таври шоиста, дар фазои дӯстӣ ва ором гузашт. Дар интихоботи баргузоршуда мо мушоҳида кардем, ки мардум ба кӣ овоз доданашро мебинад, номзадро меомӯзад, ки оё ин ё он номзад ваъдаашро иҷро карда метавонад?”

Ҳамчунин дар ин росто зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Миссияи мушоҳидони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров изҳор дошт, киМиссия интихоботи баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамояд. Миссия изҳор медорад, ки интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гоми муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон буд”

Акнун ин ки чор авбош дар хориҷ аз кишвар истода ба ин раванд баҳо медиҳанд ва ҷараёни интихоботро нодида сухан меронанд, аслан муҳим нест ва ин рафтори онҳо ба шаф-шафи кампирони лаби об монанд аст. Зеро ягон асоси воқеӣ надорад, чунки онҳо дар ҷараёни интихобот ҳузур надоштанд ва мақсад аз баҳодиҳияшон ҳам фитнаангехтан миёни ҷомеа мебошаду халос.

Зеро ҳамаи ин нигоҳҳои манфиро радиои “Озодӣ” ба нашр расонид ва мо ҳамагон медонем, ки мақсади радиои “Озодӣ” чист ва бо чӣ мақсад ин корро мекунад.

Фарҳод Раҳимӣ дар мақолае роҷеъ ба фаъолияти ин гуна  пойгоҳҳои ба ном  хабарӣ чунин изҳори назар намуда буд:    “Дар ин росто тасодуфӣ нест, ки солҳои охир дар истилоҳоти навини англисизабон мафҳуми fakenews пайдо шуда, ба зудӣ ба дигар забонҳо ҳам интиқол ёфт; сухан аз маълумоти бардурӯғе меравад (хосса аз анвои “дониш”-ҳои сиёсӣ), ки қасдан, ба нияти бадном, беобрӯ ё масхара кардани рақиби воқеӣ ё тасвирие, ки душман хонда мешавад, бофта бароварда, аз тариқи воситаҳои ахбор (хусусан Интернет) паҳн мекунанд.”

Ӯ дар идома ба фаъолияти пур аз фитнаву риё радиои “Озодӣ” таваҷҷуҳ карда мегӯяд: “пас, низ ҷои тааҷҷуб нест, ки ҳоли ҳозир ба истилоҳ “ҷанги иттилоотӣ” аз нав авҷ мегирад, ки ҳадафаш аз ҳисоби давлатҳои пасошӯравӣ васеъ шудаст. Ҷанги иттилоотӣ бахши умдаи ба истилоҳ “Ҷанги сард” буд; он вақтҳо (1946-1989) радиостансияҳои тарғиботии “Озодӣ”, “ВВС” ва амсоли онҳо аз пахши хабарҳое худдорӣ намекарданд (гоҳу бегоҳ ҳозир ҳам худдорӣ намекунанд), ки як навъи ҳамон fakenews буд.”, ки мо ҳоло ҳам ин воқеиятро дидаистодаем дар фаъолияти ин радиои “Озодӣ” ва кормандони иғвобарангезу фитнаандозаш.

Барҳақ академик дуруст мефармояд, ки аксарияти гузоришу хабарҳои ин сомонаҳо дурӯғи маҳз аст ва  ягон асоси воқеӣ надоранд, аммо барои фитнакориву иғвобарангезӣ ин гуна расонаҳо аз хабарҳои бардурӯғ ҷилвагирӣ намекунанд ва ҳар қадаре, ки мехоҳанд ба ин корашон идома медиҳанд, ки ин бисёр ҳам хатарнок аст. Ва аз ҷониби дигар ғайриқонунӣ мебошад. Дар аксарияти кишварҳо фаъолияти радиои “Озодӣ”-ро манъ карданд ва сабаби манъ кардан ҳам ҳамин буд, ки кормандони ин расонаи хабарӣ аслан ба меъёрҳои ахлоқии журналистӣ таваҷҷуҳ нанамуда, бештар талош менамоянд, ки иғвобарангезӣ кунанд ва низоъи мазҳабиву байниқавмиро ба вуҷуд оваранд, ки бар хилофи қонунгузории кишвар мебошад.

Ҳар як хабару гузори радиои “Озодӣ” як мақсади нопок ва ғаризаи бад дорад. Зеро мо инро дар ҳар як гузоришу маводи омодакардаи кормандонаш метавонем ба пуррагӣ ошкор созем.

Зеро як рӯз қабл аз баргузории роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду касиф ва террорист мусоҳиба орост ва ҳамон ҷо аллакай хост бо саволҳои зидду ақизаш мафкураи ҷомеаро иваз кунад ва бар ҷараёни интихобо таъсири манфӣ расонад, ки ин бисёр ҳам амали нодуруст вап иғвобарангез аз ҷониби ин пойгоҳи ба ном хабарӣ ва дар асл террористӣ буд.

Ҳоло дигар ҳама расонаҳои байналмилалӣ аз ҷараёни шаффоф гузаштани радиои “Озодӣ” хабар пахш намуданд ва шаффофу демократӣ гузаштани онро дарҷ карданд, аммо радиои “Озодӣ” ҳамоно дар мавқеи ҳимоявӣ аз ТТЭ ҲНИ боқӣ монд, ки ин аз хиёнати кормандони ин муассиса ба пешаи пуршарафи журналистика ва ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Н. Саидов

Омӯзгори ДКМТ