ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ВА НАЗАРИ РАСОНАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Чанде қабл дар кишвар интихоботи парлумонӣ шуда гузашт, ки дар он ҳама сокинони кишвар ба таври орому осуда ширкат варзиданд ва раъйи худро ба номзади арзандаи кишвар доданд ва бо ҳамин ширкат  ва овози худ ояндаи марҳалаи сиёсиро дар кишвар муайн намуданд, ки ин як раванди қабулгардида дар тамоми ҷумҳуриҳои демкоратӣ мебошад.

Ногуфта намонад, ки ҷараёни интихоботро дар кишвар нозирони байналмилалӣ ва созмонҳои алоҳида назорат намуданд ва дар баёнияҳои алоҳида онҳо рафти баргузории интихоботро шаффоф ва демкоративу озод арзёбӣ карданд, ки ҳамагон метавонанд инро джар сомонаҳо ва расонаҳо мутолиа кунанд.

Аммо аз чӣ бошад, ки радиои “Озодӣ” ва сармоягузоронаш ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои террористӣ ин ҳолатро нодида гирифта, барои афкори мардумро гумроҳ намуданд, ба вуҷуд овардани нобоварӣ дар ниҳодӣ мардум, ҷой додани кинаву адоват миёни ҷомеа ва нофаҳмиҳо ба нашри  fakenewsҳо  пардохт ва ҳар қадаре, ки метавонист талош кард, то ин ҷараёнро манфӣ арзёбӣ кунад ва ҷомеаро гумроҳ созад.

Аммо хушбахтона ба ин мақсади нопокаш нарасид ва мардум тавонистанд, ки озодона ва осудаву ором ба ҳавзаву участкаҳои интихоботи ташриф биоваранд ва раъйи худро бидиҳанд.

Ҳамчунин радиои “Озодӣ” бо шумуле аз кормндони касифу разилаш талош намуд, рафти интихоботро назорат кунад ва ҷараёни он ҳар лаҳза гузориш омода созад, лек мо дидем, ки бо гузоришҳои сохтаи худ чӣ тавр хандахареш шуд.

Зеро интихобот дар кишвар зери назорати мушоҳидони байналмилалӣ мегузашт ва ҳама чиз назорат мешуд ва ягон имкони тақаллӯб ва сохтакорӣ вуҷуд надошт. Аммо радиои “озодӣ” хост аз фурсат истифода кунад ва мардумро гумроҳ созад ва бозори хабарҳои бардурӯғу иғвобарангезонаашро афзун кунад, ки натавонист ва хулосаи роҳбарони мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ва СҲШ мушти обдоре буд бар даҳони авбошони “Озодӣ”.

Зеро нодида куҷо донад, маззаи наботро гуфтаанд ва ин кормандони радиои “Озодӣ” ҳам хостанд бо ду сум пули гирифтаашон аз роҳбари ТТЭ ҲНИ  М. Кабирии палид иғвобарангезӣ кунанд ва вазъиятро ваҳим созанд, ки мардуми кишвар аз ин пай бурданд ва ба ҳарфи ин палидон таваҷҷуҳе накарданду ба интихобо ширкат карданд, ки ин нишон аз ваҳдати комили миллати тоҷик мебошад.

Ҳоло, ки дигар натиҷаи интихобот маълум шуд ва 5 ҳизби дар кишвар фаъолияткунанда аз миёни 7 ҳизб ба парлумон роҳ ёфтанд, ки ин фарзия душманони миллатро ҳам ба ҳайрат овард ва боз ҳам  чеҳраи манфуронаашонро наздик мардум бармало сохт. Зеро агар интихобот шаффоф намегузашт, чӣ тавр 5 ҳизб ба парлумон роҳ меёфтанд?

Худи ҳамин натиҷаи интихобот бозгӯкунандаи шаффофияти интихобот аст, ки инро ҳатто нозирони байналмилалӣ ва коршиносони масоили сиёсӣ таъкид намуданд. Акнун аз ин пас душманон ва бадбинону бадхоҳони миллати тоҷик чӣ кор мекарда бошанд?

Зеро ҳамагон медонанд, ки номзади интихобкардаашон ба парлумони кишвар роҳ ёфт ва ин натиҷаи олии таъсиррасонӣ ба ҳаёти сиёсӣ мебошад, ки як навъ раванди пазируфташуда дар давлатҳои демократӣ ба ҳисоб меравад.

Хулосаи калом ин аст, ки интихобот дар кишвар ба таври шаффоф ва демокративу озод гузашт ва ҳамаи ширкаткунандагон аз натиҷаи интихобот, ки КМИР эълон кард розиянд ва барои хонандаи азиз инро дубора меоварам: “дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд”.

Барои онҳое, ки аз берун истода ав-ав мекунанд, боз чӣ лозим аст?

Ш. Насриддинов

Омӯзгори ДКМТ