Мусаллам аст, ки ҳар як инсон дар зиндагӣ барои расидан ба мақсадҳои худ роҳеро интихоб мекунад. Яке аз муҳимтарин қарорҳое, ки шахс дар давраи ҷавонӣ қабул мекунад, ин интихоби касб мебошад. Касб на танҳо воситаи ба даст овардани даромад, балки қисми муҳими ҳаёти инсон, ифтихор, мавқеи иҷтимоӣ ва сабаби эҳсоси қаноатмандӣ аз зиндагӣ мебошад. Агар инсон касби мувофиқро интихоб намояд, метавонад қобилиятҳои худро пурра истифода бурда, ба ҷомеа фоида расонад ва ба саодати ҳақиқӣ бирасад.
Интихоби касб кори осон нест. Барои интихоби дуруст инсон бояд пеш аз ҳама худро бишиносад: истеъдод, шавқу ҳавас, қобилият ва орзуҳои худро муайян кунад. Ҳар як шахс дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Касе ба илм майл дорад, дигаре ба ҳунар, каси дигар ба техника, тиб, омӯзгорӣ ё соҳаҳои иҷтимоӣ шавқманд аст. Муҳим он аст, ки инсон роҳи зиндагии худро бо назардошти имконият ва майлу хоҳиши худ интихоб намояд.
Вақте шахс кори худро бо муҳаббат иҷро мекунад, ӯ на танҳо вазифаи худро анҷом медиҳад, балки барои беҳтар кардани натиҷаи меҳнаташ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Масалан, омӯзгоре, ки касби худро дӯст медорад, бо масъулият ба тарбияи насли нав машғул мешавад; табибе, ки ба кори худ дилбастагӣ дорад, барои ҳифзи саломатии одамон тамоми кӯшишашро ба харҷ медиҳад. Чунин одамон аз фаъолияти худ қаноатманд мегарданд ва эҳсоси хушбахтӣ мекунанд.
Касби дуруст интихобшуда ба рушди шахсият низ таъсири бузург мерасонад. Инсон дар ҷараёни фаъолияти касбӣ дониш, таҷриба ва малакаҳои худро такмил медиҳад. Ӯ бо одамони гуногун муносибат менамояд, масъулиятшиносиро меомӯзад ва дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо месозад. Шахсе, ки дар кори худ муваффақ аст, бештар ба худ боварӣ пайдо мекунад ва барои расидан ба ҳадафҳои нав талош менамояд.
Барои интихоби дурусти касб маслиҳати падару модар, омӯзгорон ва мутахассисон низ аҳамияти калон дорад. Калонсолон метавонанд таҷрибаи худро ба ҷавонон омӯзанд, онҳоро роҳнамоӣ кунанд ва дар муайян намудани роҳи ояндаашон ёрӣ диҳанд. Аммо дар ниҳоят ҳар як инсон бояд интихоби худро бо андеша ва масъулият анҷом диҳад, зеро ояндаи ӯ бештар ба ҳамин қарор вобаста аст.
Дар замони муосир интихоби касб боз ҳам муҳимтартар гардидааст. Ҷомеа ба мутахассисони донишманду соҳибтаҷриба дар соҳаҳои гуногун ниёз дорад. Пешрафти техника, илм ва иқтисод касбҳои навро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд на танҳо ба талаботи имрӯз, балки ба тағйироти оянда низ диққат диҳанд, дониш омӯзанд ва малакаҳои худро пайваста инкишоф диҳанд.
Гоҳо, баъзе ҷавонон танҳо аз рӯи обрӯ ё даромади баланд касберо интихоб мекунанд. Аммо агар ба он соҳа шавқу қобилият надошта бошанд, метавонанд дар оянда бо душвориҳо рӯ ба рӯ шаванд. Даромад муҳим аст, вале танҳо пул сабаби асосии хушбахтӣ шуда наметавонад. Саодати инсон бештар аз он вобаста аст, ки ӯ кори худро бо дилу ният иҷро мекунад ва аз натиҷаи меҳнаташ ифтихор дорад.
Ҳар як касб дар ҷомеа ҷойгоҳи худро дорад. Кори деҳқон, омӯзгор, муҳандис, табиб, сохтмончӣ, ҳунарманд ва намояндагони дигар касбҳо барои пешрафти ҷомеа заруранд. Бояд ҳар як меҳнати ҳалол қадр карда шавад, зеро маҳз меҳнати одамони гуногун зиндагии ҷомеаро беҳтар месозад. Муҳим он аст, ки инсон дар кадом соҳае фаъолият мекунад, балки то чӣ андоза бо масъулият ва муҳаббат кор мекунад.
Интихоби дурусти касб ба ояндаи инсон таъсири бузург мерасонад. Шахсе, ки касби мувофиқро пайдо кардааст, метавонад неруи худро самаранок истифода барад, ба мақсадҳои худ бирасад ва барои дигарон намуна бошад. Ӯ дар зиндагӣ танҳо соҳиби кори хуб намешавад, балки маъно ва мақсади фаъолияти худро низ дармеёбад.
Дар умум, интихоби касб яке аз қадамҳои муҳимтарини ҳаёти инсон мебошад. Барои ба даст овардани саодат бояд касберо интихоб кард, ки ба қобилият, шавқу завқ ва мақсадҳои шахсӣ мувофиқ бошад. Касби дӯстдошта инсонро ба меҳнати самаранок, пешрафт ва зиндагии пурмазмун роҳнамоӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки интихоби дурусти касб сад дар сад инсонро ба саодат мерасонад.
Ориён Зардуштмеҳр
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
