Ин нуктаро таъкид намудан лозим аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки заминаи муҳим барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм, маориф, фарҳанг ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ба имконияти мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди худ соҳиб шуд. Дар ин раванд зарурати омӯзиши илмии воқеияти нави ҷомеа, таҳлили равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва таҳқиқи таъриху фарҳанги миллӣ бештар гардид.
Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҳамчун маҷмуи илмҳое, ки ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоӣ, давлат, сиёсат, иқтисод, таърих, ҳуқуқ, фарҳанг ва рафтори инсонро меомӯзанд, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Дар даврони истиқлолият ин илмҳо ба омӯзиши масъалаҳои нави ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ оварда, дар таҳияи асосҳои илмии сиёсати давлатӣ ва фаҳмиши равандҳои иҷтимоӣ саҳм гузоштанд.
Қайд намудан лозим аст, ки истиқлолият барои рушди илм дар кишвар роҳи сифатан навро боз намуда, барои навсозии сохторҳои илмӣ, таҳияи самтҳои нави таҳқиқот ва омода намудани кадрҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Албатта, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи хеле мураккаб буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва дигар омилҳо ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расониданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани низоми илмӣ ва таълимиро яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, ба рушди соҳа таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуданд. Дар ин даврони вазнини ҷангӣ на танҳо муассисаҳои илмӣ нигоҳ дошта шуданд, балки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи ин самт заминаҳои навро фароҳам оварданд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти худро идома дода, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотиро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ равнақ бахшид.
Истиқлолият инчунин имконият фароҳам овард, ки олимони тоҷик масъалаҳои таърих, давлатдорӣ, фарҳанг, забон, сиёсат, иқтисод ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ бештар таҳқиқ намоянд. Агар дар давраҳои пешин бисёр масъалаҳо дар доираи низоми ягонаи идеологӣ баррасӣ мешуданд, дар шароити замони истиқлол барои рушди андешаи мустақили илмӣ имкониятҳои бештар фароҳам гардид.
Гуфтан лозим аст, ки яке аз самтҳои муҳими рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар ин даврон омӯзиши масъалаҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Давлати соҳибистиқлол ба таҳқиқоти илмӣ оид ба муносибатҳои давлат ва ҷомеа, сиёсати давлатӣ, рушди институтҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа ниёз дорад.
Дар ин замина илмҳои сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисод, таърих, фалсафа ва дигар илмҳои иҷтимоӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд, ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро дурусттар дарк намуда, сабабу натиҷаи тағйироти ҷомеаро таҳлил намоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳими илмҳои ҷамъиятшиносӣ омӯзиши таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон мебошад. Таҳқиқи таърихи давлатҳои қадиму асримиёнагии тоҷикон, нақши шахсиятҳои таърихӣ, рушди забон ва фарҳанг, ҳамчунин саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба мавзуъҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтанд. Сарвари маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки донишмандон дар шинохти манфиатҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.
Қайд бояд намуд, ки рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ бидуни муассисаҳои илмӣ ва кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замон ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи омода намудани олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони ҷавон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Дар кишвар фаъолияти муассисаҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ густариш ёфт. Дар баробари ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ихтисосҳои нави марбут ба талаботи ҷомеаи муосир таъсис дода шуд. Таъкид бояд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди илм ва инноватсия даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои омода намудани кадрҳои илмӣ ва рушди муассисаҳои таҳқиқотӣ тадбирҳои гуногун амалӣ карда шуд.
Омода намудани кадрҳои ҷавон барои ояндаи илм аҳамияти махсус дорад. Ҷомеаи муосир ба муҳаққиқоне ниёз дорад, ки на танҳо донишҳои назариявӣ дошта бошанд, балки тавонанд масъалаҳои воқеии ҷомеаро бо усулҳои муосири илмӣ таҳлил намоянд. Аз ин рӯ, рушди мактабҳои илмӣ, аспирантура, докторантура ва таҳқиқоти мустақили ҷавонон бояд яке аз самтҳои доимии сиёсати илмӣ бошад.
Дар шароити замони истиқлол доираи масъалаҳои таҳқиқоти ҷамъиятшиносӣ хеле васеъ гардид. Яке аз самтҳои муҳим омӯзиши таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлили марҳилаҳои ташаккули давлатдории соҳибистиқлол, таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди институтҳои давлатӣ ва дигар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ барои дарки роҳи тайкардаи кишвар аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
Самти дигари муҳим омӯзиши ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад. Равандҳои демографӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, урбанизатсия, тағйироти иҷтимоӣ, нақши ҷавонон ва занон дар ҷомеа, рушди маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма аз масъалаҳое мебошанд, ки ба таҳқиқоти мунтазами илмӣ ниёз доранд.
Дар баробари ин, масъалаҳои иқтисодӣ низ дар доираи илмҳои ҷамъиятшиносӣ аҳамияти калон доранд. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, рушди соҳибкорӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мавзуҳои муҳимми таҳқиқоти иқтисодшиносон ва ҷомеашиносон ба ҳисоб меравад.
Илмҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ низ дар таҳлили ҷомеаи муосир саҳми назаррас доранд. Омӯзиши арзишҳои миллӣ, муносибати ҷомеа ба давлат, ташаккули фарҳанги сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ барои суботи ҷомеа муҳим мебошанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ илмҳои ҷамъиятшиносӣ бояд ба таҳқиқи масъалаҳои нави ҷомеа таваҷҷуҳ намоянд. Рақамикунонии ҷомеа, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба муносибатҳои байни одамон, муҳоҷират, тағйироти арзишӣ дар байни ҷавонон, рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба фарҳанг ва сиёсати миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.
Ҳамин тавр, истиқлолияти давлатӣ барои рушди илми ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳим фароҳам овард. Дар шароити соҳибистиқлолӣ имконияти омӯзиши воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон аз мавқеи манфиатҳои миллӣ бештар гардид. Масъалаҳои давлатдорӣ, таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба мавзуъҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтанд.
Имрӯз, илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар таҳлили равандҳои ҷомеа, тарбияи ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд. Аз ин лиҳоз, рушди минбаъдаи ин илмҳо бояд бо омода намудани кадрҳои ҷавон, истифодаи методологияи муосир, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ба талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ намудани мавзуоти таҳқиқотӣ пайваст бошад.
Дастгирии давлатӣ низ яке аз омилҳои муҳими рушди илм мебошад. Дар солҳои охир барои соҳаи илм маблағгузорӣ зиёд гардида, барои ҳавасманд намудани олимон ва рушди кадрҳои илмӣ тадбирҳои гуногун амалӣ шудаанд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки рушди илми ҷамъиятшиносӣ ҷузъи муҳими рушди давлати миллӣ мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бамаротиб рушд намуднд. Ҷомеае, ки таърих, фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ ва равандҳои дохиливу байналмилалии худро бо усулҳои илмӣ меомӯзад, метавонад барои ояндаи худ қарорҳои дурусттар қабул намояд. Аз ин лиҳоз, таҳкими илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи олимон, балки яке аз шартҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!
35- солӣ созандагӣ ва роҳи пуршараф фархунда бод!
Аминзода МАВЛУДА
мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
