Таъкид намудан лозим аст, ки илму маърифат аз арзишмандтарин неъматҳое мебошад, ки бо ин инсонро аз дигар мавҷудоти зинда фарқ мекунанд. Бо шарофати дониш инсон қодир аст табиатро омӯзад, ҷомеаро рушд диҳад, мушкилотро ҳал намояд ва барои зиндагии беҳтар замина фароҳам созад. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз илму маърифат неруи пешбарандаи тараққиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар сатҳи дониш ва фарҳанги мардум баланд бошад, ҳамон қадар пешрафти давлату миллат бештар мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки гуфтаанд, “илму маърифат чароғи роҳи рушд” аст.
Илм асоси тамоми пешрафтҳои инсоният мебошад. Ҳамаи ихтироот ва дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз қабили рушди техника, технология, тиб, кайҳоннавардӣ ва воситаҳои муосири алоқа, маҳз бо такя ба дониш ва тадқиқоти илмӣ ба вуҷуд омадаанд. Имрӯз, ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад ва ҳар як давлат барои рақобатпазир будан ба мутахассисони соҳибмаълумот ва олимони тавоно ниёз дорад.
Давлатҳое, ки ба рушди маориф ва илм аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд, дар иқтисод, саноат, технология ва фарҳанг ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва илм беҳтарин сармоягузорӣ барои ояндаи миллат мебошад.
Маърифат танҳо аз худ кардани дониш нест. Инсон бояд дар баробари дониш соҳиби ахлоқи ҳамида, фарҳанги баланд, эҳтироми дигарон ва масъулиятшиносӣ бошад. Шахси бомаърифат ҳақиқатро аз дурӯғ, некиро аз бадӣ ва манфиати ҷомеаро аз манфиати шахсӣ фарқ карда метавонад.
Маърифат инсонро ба ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Агар илм ақли инсонро рушд диҳад, маърифат қалб ва ахлоқи ӯро тарбия менамояд. Танҳо бо ҳамбастагии илм ва маърифат метавон ҷомеаи солим ва пешрафтаро бунёд кард.
Қайд кардан лозим аст, ки ҷавонон ояндаи ҳар як миллат мебошанд. Барои онҳо омӯзиши илму дониш вазифаи муҳимтарин аст. Дар замони муосир имкониятҳои зиёде барои таҳсил мавҷуд аст. Китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, технологияҳои рақамӣ ва шабакаи интернет ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дониши худро пайваста такмил диҳанд.
Аммо танҳо доштани имконият кофӣ нест. Барои соҳиби дониш шудан заҳмат, сабру таҳаммул, интизом ва меҳнати пайваста зарур мебошад. Ҷавононе, ки вақти худро ба омӯзиш, мутолиаи китоб ва азхудкунии касбу ҳунар сарф мекунанд, дар оянда метавонанд барои пешрафти ҷомеа ва давлат саҳми арзанда гузоранд.
Китоб сарчашмаи асосии дониш ва маърифат мебошад. Аз қадимулайём китобро дӯсти беҳтарини инсон номидаанд. Маҳз тавассути китоб таҷрибаи наслҳои гузашта ба наслҳои оянда интиқол меёбад. Хондани китоб ҷаҳонбиниро васеъ намуда, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти таҳлилро инкишоф медиҳад.
Имрӯз, бо вуҷуди рушди технологияҳои рақамӣ, китоб аҳамияти худро аз даст надодааст. Ҳар шахсе, ки мутолиаро дӯст медорад, ҳамеша имкони омӯзиши чизҳои нав ва такмили дониши худро дорад.
Дар кишвари азизамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, дастгирии олимон ва баргузории озмунҳои гуногуни илмӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати шаҳрвандон амалӣ мегарданд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дастовардҳои назаррас ба даст меоранд. Ин нишон медиҳад, ки ҷавонони мо дорои истеъдоди баланд буда, метавонанд дар рушди илм ва иқтисоди кишвар саҳми муносиб гузоранд.
Дар фаровард метавон гуфт, ки илму маърифат воқеан чароғи роҳи рушди инсон, ҷомеа ва давлат мебошанд. Миллате, ки донишро қадр мекунад, ба пешрафт, ободӣ ва зиндагии шоиста мерасад. Ҳар як шахс бояд омӯзиши илмро вазифаи доимии худ донад, китоб мутолиа намояд, ҷаҳонбинии худро васеъ созад ва барои хизмат ба Ватан талош кунад.
Ояндаи дурахшони ҳар як давлат аз сатҳи дониш ва маърифати фарзандони он вобаста аст.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд барои омӯзиши илм, рушди маърифат ва тарбияи насли босаводу ватандӯст саҳмгузор бошем. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва шукуфонро бунёд сохт.
Ашӯров Хайриддин
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
