Маҳфили навбатии “Навовар” баргузор гардид

Имрӯз дар кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ маҳфили навбатии “Навовар” дар мавзӯи “Ташхиси мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ” зери роҳбари омӯзгори ҷавон ва фаъол Хуҷамов Санъат баргузор гардид.

Дар маҳфили имрӯза мудири кафедраи мазкур Қобилов Валӣ баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ, техникаҳои муосир ва роҳҳои ташхиси он маълумот дод.

Сипас, донишҷӯён баромад намуда, андешаҳои хешро изҳор доштанд ва атрофи ин масъала баҳсу баррасиҳо сурат гирифт.