ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ: ДУРНАМОИ ДУСТӢ БА МАНФИАТИ УМУМ АСТ

Воқеан ҳам мулоқоти сарони ин ду кишвар ҳодисаи нодири таърихӣ мебошад, ки ба шарофати он тадбирҳо андешида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар арсаи обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доштанд. Қайд гардид, ки ба кор андохтани иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷонибҳо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳаммияти фарогир дорад. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз миқёси он такони мусбат хоҳад бахшид.

Мо ҳайати устодон назари ин ҷонибҳоро пуштибонӣ мекунем!