ИЗҲОРОТИ УСТОД АЗИЗОВ Қ.М: ҶАВОНОН БОЯД БА ДАСИСАБОЗИҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВАНД!

Тайи чанд соли охир дар хориҷ аз кишвар як силсила гурӯҳҳои авбошу хиёнатпеша пайдо гардидаанд, ки намешавад онҳоро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик тасаввур кард. Ин тӯдаи авбош барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ҳуввияти худро фурӯта, барои дар амал татбиқ намудани хоҷагони хориҷии худ, фаъолият менамоянд. Онҳо дар аввал худро мухолиф эълон намуда, мардумро гумроҳ карда, сипас аз пайи хиёнат мешаванд.

Мисоли ин гурӯҳҳо ТЭТ ҲНИ шуда метавонад, ки воқеан ҳам таҷрибаи террорстӣ дорад ва борҳо ба миллати тоҷик хиёнат кардааст. Хиёнати наҳзатиёни террорист ва душмани миллати тоҷик ҳанӯз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки зиёда аз 150 ҳазор нафарро бо шумули олимону равшанфикрон ба қатл расонидаанд, маълум шуда буд.

Аммо барои осоиштагиву оромии миллат ин тоифа дубора ба ватан ҷой дода шуданд, лек барояшон ҳамин як хиёнати бузург панд нагардида боз ба миллат хиёнат намуданд. Ҳодисаҳои 15 сентябрро мо нағз дар хотир дорем, ки чӣ тавр наҳзатиён хостанд тавассути Назарзода аъзои пинҳонии раёсати ҳамин ҳизби террористии наҳзати исломӣ  дар кишвар табаддулот анҷом диҳанд.

Ҳоло ин тоифа дар  хориҷ қарор дошта, тавассути сомонаҳои интернетӣ анқариб ҳар рӯз иттилоотӣ бардурӯғро паҳн менамоянд, ки ҳамааш махсус барои гумроҳ сохтани ҷавонон омода карда шудааст. Аз ин лиҳоз аз ҷавонон талаб карда мешавад, ки ҳангоми вохӯрдан бо чунин маълумоти бардурӯғ худро дар канор нигоҳ доранд ва ба ин маълумотҳои бардурӯғ дода нашаванд. Зеро наҳзатиёни палид барои бадном кардани миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷии худ маблағ мегиранд ва ба ҳама рафтори нодурусти ғайриахлоқӣ даст мезананд.