ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: СУЛҲ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ АСТ!

Оромиву субот ҳамеша барои рушди давлату миллат ва фароҳамовардани имкониятҳои беҳтари зиндагӣ мусоидат намудааст. Аз ин ҷост, ки сулҳро беҳтарин неъмат хондаанд ва воқеан ҳам ин  дуруст аст. Ҳастанд миллатҳову қавмҳое, ки то кунун дар фикри неъмати бебаҳои сулҳ шабро рӯз мекунанду фақат орзу менамоянд, то дар фазои сулҳ лаҳзае зиста бошанд.

Пас бояд ба қадри ин сулҳу оромӣ ва субот расид ва онро ҳифз кард. Ҳоло дар минтақаҳои наздисарҳадӣ қирғизҳо  муноқиша барпо мекунанд, то оромиву суботро ба ҳам зананд, аммо намедонанд, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу оромисту ҳама мушкилу баҳсро мешавад ба оромӣ ҳаллу фасл намуд ва зарурате барои муноқишаву размҳои беҳуда нест.

Ҳарчанд мо медонем, ки қирғизҳо даъвои беасос доранду заминҳо моли тоҷикон аст, лек барои ин талоши беҳуда мекунанд, сокинони бегуноҳро беҳуда азият медиҳанд, ки ин бисёр ҳам нодуруст асту оқибати хуб надорад. Зеро қирғизҳо бо ин амалашон худ сабабгори нооромӣ ва бад шудани вазъият мегарданд, ки ин хеле бад мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ҳамсояҳо қирғизонро маҳкум намуда,  гуфтани ҳастем, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва субот расанд, зеро вақте аз даст медиҳанд, он вақт пушаймонӣ суд надорад!