ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Тавре, ки маълум аст, ки ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, талош мекунанд, ки обрӯву манзалати кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанд ва бо ҳамин номи миллати тоҷикро дар байни ҷаҳониён паст зананд.  Ҳоло ин наҳзатиёни манфур ва палид бо ҷой гирифтан дар Аврупо чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақсадаш ҳам бар зидди миллат мубориза бурдан аст.

Маълум аст, ки ин ҳама имкониятҳо ва шароитро барои наҳзатиён хоҷагони хориҷияшон фароҳам овардаанд ва албатта маълум аст, ки ҳамаи ин беҳуда нест ва ин ҳам ошкорост, ки наҳзатиён зархариданду бо фармони хоҷаҳои хориҷияшон бар алайҳи миллат мубориза мебаранд.

Ҳоло дар сомонаҳои таъсисдодаи худ наҳзатиёни палид ва ифротгаро бештар матлабҳои бардурӯғ ва носаҳеҳро нашр менамоянд, то ҷомеаро гумроҳ созанд. Наҳзатиён ҳатто гузориш ва хабарҳоро бардурӯғ нашр мекунанд, то ҷомеаро гумроҳу сарсон намоянд. Яъне ҳар як амалу рафтори наҳзатиёни хоин душманона аст ва мақсади душман ҳам хиёнат аст, ки ҳоло наҳзатиёнро онро анҷом медиҳанд.

Мо,  устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни манфур ва бадсириштро маҳкум намуда, нест бод ТТЭ ҲНИ мегӯем!