ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НЕСТ БОД ТТЭ ПМТ!

Имрӯзҳо аъзоёни террористи ТТЭ ПМТ бо ҳамроҳии сардори палиду манфурашон Кабирии малъун талош менамоянд, ки аз худ ҳамчун як демократ ва чеҳраҳои сиёсии ватандӯст дарак диҳанд. Аммо рафтору гуфторашон ва ҳама амалҳояшон бошад бар зидди миллати тоҷик равона гардидааст, ки ин нишонаи ҳамон пастфитратии онон аст.

Ҳарчанд Кабирии палид бо ҷамъе аз аъзоёни хоину разили наҳзатияш мехоҳад, ки худашро тамоман дигар хел муаррифӣ кунад ва гуноҳҳову ҷиноятҳои содиркардаашро рӯйпӯш намояд, аммо ҳамон гуна, ки маълум аст, миллати тоҷик нагз медонанд, ки наҳзатиён ва кабирии манфур хизматгори кадом хоҷаанд?!

Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо Кабирии палид бо ҷамъе аз наҳзатиёни аъзои созмони террористии наваш ТТЭ ПМТ талош мекунанд, ки ҳамин воқеияти дар бораи худ бударо пинҳон нигоҳ доранду номи ТТЭ ҲНИ-ро оҳиста-оҳиста ба ТТЭ ПМТ табдил диҳанду боз хиёнаткориҳояшонро идома диҳанд.

Ҳарчанд барои ин амал наҳзатиёни манфур ва палиду касиф аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфте ба даст овардаанд, лек ҳамонон талош мекунанд, бар миллати тоҷик хиёнати бештар намуда, зиёдтар пул ба даст оваранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда, ба ин палидони наҳзатӣ лаънат мехонем!