ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ТТЭ ПМТ НУСХАИ НАВИ ТТЭ ҲНИ АСТ

Имрӯзҳо наҳзатиёни бадкешу манфури дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, ташкилоти наверо бо номи ТТЭ ПМТ ташкил додаанд, ки ин нусхаи ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад ва бо сармоягузории хоҷагони хориҷии ҳамин наҳзатиёни палид таъсис дода шудааст ва ин як роҳи нави мардумфиребии наҳзатиёни палид мебошад.

Зеро тавре, ки медонем, аъзоёни ин созмони террористии нав ҳам ҳамон аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад ва нақшаву мақсадашон ҳам яксон ва бар алайҳи миллати тоҷик равона шудааст, ки ин бараъло аз рафтору муносибати наҳзатиёни палид ва касиф маълум аст.

Ҳоло ҳама наҳзатиёни палид дар зери чатри ҳамин ТТЭ ПМТ ҷамъ омада талош менамоняд, ки бар миллати тоҷик хиёнат кунанд ва насли ҷавонро фирефта намуда гумроҳ созанд.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ниқоби нави наҳзатиёни палидро роҳи нави хиёнати ин палидони манфур меномем.