ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ, ЧАРО АЗ ДУР САНГ МЕЗАНАНД?

Чандест, ки душманони миллати тоҷик, хоинони миллат дур аз кишвар дар хориҷ паноҳ бурда, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва иғвобарангезӣ мекунанд, ки ин хиёнати рӯирост аст.

Зеро хоинони амсоли аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ “Гурӯҳи 24”  аз ҳисоби маблағгузориҳои хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд ва миллатро фирефтаву гумроҳ созанд. Онҳо ҳар рӯз дар расонаҳои таъсисдодаи худашон матлабҳои бардурӯғ ва тӯҳматбарангезро нашр мекунанд, ки бар хилофи ахлоқи инсонӣ мебошад.

Онҳо бештар ғояҳои ифротӣ террористиро тарғиб намуда, кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро фирефта намоянд ва аз ин ҳисоб сафи террористонро афзун гардонанд.

Аз ин лиҳоз ҷавононро зарур меояд, ки ферефтаи суханони ин хоинон ва душманони миллат нашаванд ва ба қадри ин ҳама ободу осудагӣ ва ваҳдат бирасанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, бар душманони миллати тоҷик лаънат мехонем!