ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Имрӯзҳо кишвари азизамон хеле пешрафт намуда,зиндагии мардум ба як сатҳи баланд расид ва ҳоло ҳамон гуна, ки арзёбӣ мешавад сатҳу сифати молу маҳсулот низ ба дараҷаи мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад, ки ин хеле нишондиҳандаи баланд аст.

Ҳоло кишвари азизамон Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад, ки ин хеле нишондиҳандаи баланд аст ва албатта ин ҷо талабот ба молҳои зарурӣ ва интихоб барои мардум хеле васеътар гардидааст, ки ин ҳам аз баракати сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар мебошад.

Аммо ҳоло пайдо шудаанд, афроде, ки чашми дидани ин тҳама саодат ва муваффақияти миллати тоҷикро надоранд ва ин шабу рӯзҳо дар хориҷи кишвар истода ба сӯйи миллат сангандозӣ мекунанд, ки мо ин хиёнаткоронро ҳаргиз намебахшем. Аслан ташкилкунандагони  ин гуна бадбиниву иғвобарангези  хоинон ва душманони миллати тоҷик аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ҳастанд, ки аз сӯи хоҷагони хориҷияшон барои хиёнат ба миллати тоҷик маблағгузорӣ мешаванд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинон ва душманону бадбинонро маҳкум намуда, марг бар душманони миллати тоҷик мегӯум!