ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТАЪРИХ БАР ҲАМА ЧИЗ ГУВОҲ АСТ

Имрӯз дар саросари олам як силсила гурӯҳҳо ва созмонҳои террористие фаъолият доранд, ки бевосита барои бадном  кардани мусалмонон ва дини мубини ислом фаъолияти хешро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб тамоми аҳли сайёраро ба даҳшатафканӣ аз ин дин даъват менамоянд.

Ҳамчунин ин гурӯҳҳои террористӣ аз фармудаҳои ислом истифода намуда, асокинони осоиштаро гумроҳ намуда ба маргталабон табдил медиҳанд ва аз ин ҳисоб бозори хешро гарм месозанд.

Чуноне, ки мебинем дар асл бошад, ин гурӯҳҳо ягон иртиботе ба дини мубини ислом ва дигар динҳо надошта, фақат аз он ба манфиати худ истифода мебаранд, вале як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки аксарияти ин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ҳам баромади мазҳабӣ доранд ва ҳам гузаштаи динӣ, ки ин ҳам ба кулли исботи хешро ёфтааст.

Мисоли ин гуна гурӯҳҳоро метавон шурӯ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” то Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” номбар кард, ки калимаи ислом барои ин террористон ҳамчун ёрирасон истифода шудаасту халос. Аммо аъзоёни ин созмонҳои террористӣ худро мусалмони комил меҳисобанд ва аз ҷониби як қатор давлатҳо ва ҷумҳуриҳои исломӣ сармоягузорӣ мешаванд, ки инро ҳам намешавад рад кард.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори террористон ва махсусан наҳзатиёни хоини миллатро комилан маҳкум намуда, ба ҷаҳониён гуфтанӣ ҳастем, ки барои несту нобуд сохтани ин тоифа ба таври комил мубориза баранд!