Изҳороти раиси иттифоқи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатов Д.

Имрӯзҳо як қатор душманони миллати тоҷик ба хотири фиреб додани мардум ва гумроҳ намудани ҷомеа дар бораи роҳбари донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз номи муаллимаҳои донишкада бардурӯғ иттилоъ пахш намудаанд, ки асоси воқеӣ надорад.

Инҷо ҳамчун роҳбари Иттифоқи касабаи донишкада лозим медонам, ки барои исботи дурӯғ ва дасиса будани матлаби нашрнамудаи душманони миллат чанд далелҳоро зикр намоям.

Якум ин ки Бахтиёр Маҳмадалӣ инсони ҳалиму хоксор ва роҳбари ғамхор мебошанд ва боре ҳам бо кормандон дағал рафтор накардаанд. Дуюм, ин ки Бахтиёр Маҳмадалӣ таҷрибаи зиёди фаъолият дар соҳаи маорифро доранд ва барои пешрафти донишкада хеле корҳои некро анҷом доданд.

Доимо дар арафаи ҷашну маросимҳо аз ҳоли ятимону камбизоатон хабар мегиранд ва кӯмак менамоянд. Намунааш ба сарпарастӣ гирифтани мактаб- интернатӣ рақами 40 шаҳри Конибодом мебошад, ки аллакай чаҳор маротиба кӯмак расониданд. Ҳатто худи ректор муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ бо бошандагони ин мактаб- интернат рафта суҳбат намуда, барои тармиму таъминаш кӯшиш намуда истодааст.

Барои ятимони ҷумҳурӣ 150 адад аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуданд. Барои дастгирии олимони ҷавон барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 10000 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20000 сомонӣ муқаррар намудаанд, ки ин ғамхорӣ мебошад.

Вале, он чӣ хоинони миллат менависанд, дурӯғи маҳз асту иғвобарангезии навбатии наҳзатиёни террорист мебошад.

Ба ҳамватанони азиз ҳамчун инсони огоҳ аз воқеият мегӯям, ки ба сафсатахонии душманони миллат бовар накунанд, чунки ин суханон ягон воқеият надорад.

Давлатов Д.С.

Раиси иттифоқи касабаи донишкада