ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: АФҒОНИСТОН ҲАМ АСРОРИ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТРО ИФШО КАРД.

Дар конфронси минтақавии мубориза алайҳи терроризм, ки дар Афғонистон баргузор гардид, аз ҷониби роҳбари Раёсати умумии амнияти милии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ хеле асрорҳо ифшо гардид. Пас аз хотимаи конфронс роҳбари Раёсати умумии амнияти милии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ  сухан гуфта, Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзатро дар баробари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон(ҲИӮ), “Ансоруллоҳ” ва ҳаракати исломии Туркистони шаркӣ (ҲИТШ) ном бурда, онро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ маънидод ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин хатарзо арзёбӣ намуд.

Маълум мешавад, ки дигар аз фаъолияти террористии Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом тамоми ҷаҳон огоҳ гардидаасту ҳамагон медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Афғонистон бо ҳамроҳии созмонҳои террористӣ бар алайҳи мардум меҷанганду субботро аз байн мебаранд. Ҳоло, ки наҳзатиёни малъун дар Аврупо ҳастанд, дигар пас аз шунидани ин изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ худро намедонанд ба куҷо зананд, чун сиррашон фош шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни палид ва террористро маҳкум намуда, бар онон лаънат мехонем!