ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: БАДАХШОН МАЪВОИ МЕҲРУ МУҲАББАТ АСТ

Мо, аҳли омузгорону кормандони кафедраи экология аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ба даст омадааст, басо хушнуд буда, сиёсати созандаву ободкоронаи ўро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Дар атрофи ғояҳои ояндасози Пешвои сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, намегузорем, ки ягон қуввае фазои ороми Ватани маҳбуби моро халалдор созад.

Мушоҳида менамоем, ки шаҳри  Хоруғ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати аҳлонаи сокинони меҳнатқаринаш воқеан ба шаҳри зебои афсонавӣ монанд мешавад. Шаҳре, ки аҷдодонамон дар афсонаҳо онро орзу доштанд. Ин шаҳри гаҳвораи умеди хурду бузурги Бадахшон нигини  Бадахшон ном гирифта, ҳар фарди вилоят  барои  тақдири ояндаи он худро масъул мешуморад. Бахусус аз мо, сокинон ва ҷавонони шаҳр вобаста аст, ки то чӣ андоза бо амалҳои накӯ ва писандидаи хеш ояндаи боз ҳам дурахшону равшани наслҳои ояндаамонро таъмин менамоем.

Мутаассифона, амалҳои ҷиноӣ ва ғайриқонуниву номақбули  гурӯҳи ҷавонон боиси ноором гардидани авзоъ дар шаҳри азизамон гардидаанд. Ҳар як бесуботӣ ва нооромӣ чун тир, пеш аз ҳама, ба ҷони занону модарон мехалад, зеро Зан-Модар мавҷуди нозук, латиф, ҳассос, қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, оқибати ҳар ҷангу хунрезӣ бештар аз ҳама ба ҷони занону модарон чанг мезанад, чаро, ки модар азизтарин офаридаи хеш- фарзандро аз даст медиҳад.

Омилҳои асосии таниш ва нооромиҳо асосан ба мавҷудияти силоҳ дар дасти иддае аз ҷавонони мусаллаҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд мебошанд. Аз силоҳ ҳамчун манбаи хатар ва куштор дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона солҳои охир дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят чандин шаҳрванд  ба ҳалокат расиданд ва ё маъюбу маслуқ шуданд. Силоҳ ғайр аз бадбахтӣ ба инсон чизи дигаре намеорад.

Мо ба ҳамаи ҷавононе, ки дар даст силоҳ доранд, ҳамчун ба фарзандони худ муроҷиат намуда, мегўем, ки силоҳашонро ихтиёран ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

Ихтиёран супурдани силоҳ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад ва аз тарафи дигар, дар шаҳри мо амнияту осудагӣ таъмин мегардад, ки он орзуи ҳамаи сокинони ВМКБ  мебошад.

Қочоқ ва фурўши маводи мухаддир ҷомеаи моро ба хатари нобудӣ кашонда, ҳамасола теъдоди зиёди ҷавонони гирифтори он ҷони ҷавонашонро аз даст медиҳанд. Он сабаби бадбахтӣ дар хонаводаҳо мешавад  ва  ин амали нангину  ноҷавонмардонаи зомин шудан ба ҷони инсонҳо бар дӯши онҳоест, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд. Мо, занону модарон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро қотеъона маҳкум менамоем ва бовар дорем, ки ба хотири таъмини наслҳои солими оянда тамоми қишрҳои ҷомеа моро дастгирӣ мекунанд.

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон Сарвари давлат як зумра иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мақсади тараққӣ додани минтақа санги асоси иншооти зиёди гуногунро гузоштанд.

Итминон  дорем, ки ақлу иродаи солим ғалаба мекунад ва дар шаҳри азизу зебоямон тинҷиву осудагӣ ва амонӣ ҳамеша ҳукмфармо хоҳад буд.

Мо бо камоли масъулият, чун зан-модар ба ҷавонони саодатманду ҳушёру зираки вилоят муроҷиат менамоем, ки дар чунин даврони ҳассос зиракиву ҳушёриро аз даст надода, фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи миллатро пайравӣ накунанд.