ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

Ба тозагӣ як гурӯҳ меҳмонон аз Донишгоҳи Тибети ҷумҳурии мардумии Чин барои шиносои бо  Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ташриф оварданд. Аксарият чунин мепиндоранд, ки ин ҷо танҳо курси забономӯзӣ аст, аммо назар ба гуфтаи омузгор Шаҳноза Раҳимова дар асл ин ҷо аз таълимоти ахлоқии Конфутсий воқиф мешаванд.

Меҳмонон ҳангоми мулоқот ба сатҳи донишомӯзии шогирдон баҳои баланд доданд. Гузашта аз ин, проректори донишкада оид ба илм дотсент З.Насриддинов  баён дошт ки барои равобити илмӣ бо аксари донишгоҳҳои хориҷи кишвар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон омода аст.

Қобили қайд аст, ки теъдоди  донишкадаҳои ҳамкор бо Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  рӯ ба афзоиш аст.

Шӯъбаи иттилоотӣ