ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТИ МОШИНСОЗИИ ДКМТ: ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ

Барои ҳар як шаҳрванди кишвар  он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, мояи фахр аст, зеро кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии кишварамон саҳми сазовореро гузоранд.Суханони ҳикматрези сарвари давлатро бояд сармашқи фаъолияти ҳамарўзаи худ қарор диҳанд.Имрӯз баъди ҳазорон  солҳо мардуме, ки  дар арафаи таназзулёбии миллаташ қарор дошт, хушбахтона  ӯ имрӯз, боз ба озодиҳои навин, бо шарофати сарвари давлат  боз соҳиби хонаву давлати соҳибистиқлол гардид. Гузашта аз ин оташеро, ки ҳанӯз дар таҳи хокистар буд, дубора равшанаш намуда, василаи он  барои башарият ба пошидани нуру зиё оғоз кард.

 

Мо мардумони тоҷик дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто замони шӯрави ҳолат чунин набуд. Тамоми кӯшиши ҳукумати шӯрави бар он равона шуда буд, ки мардумро аз дину имон ва муқаддасоти миллиашон дур кунанд. Вале сарфи назар аз ин арзишҳои милиӣ ва фарҳанги бою ғании миллати тоҷик, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода нохалафоне дар шахситяҳои шиапарстон кӯрнамаки карданд. Албатта, дар кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта, зӯрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст. Гарчанде, ки гурӯҳҳои терористиву экстремисти то имрӯз ҳар гуна амалҳои ношоистаро ба анҷом расонида бошанд, ҳам то ҳол инсонҳое ҳастанд, ки мафкураи нопоки онҳоро маҳкум намуда барои сулҳи ватан мекӯшанд ва бо якзабони эътироф менамоянд, ки «Ифротгароиву мазҳабфурӯшӣ ҳеҷ гоҳ оини дини ислом набуд ва минбаъд низ нахоҳад шуд».

Мо аҳли омузгорон, қайд менамоем ва аз тамоми ходимону диншиносон хоҳиш дорем, ки динро ҳамчун воситаи ахлоқи инсонӣ ва одамигарӣ истифода намоянд. Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Чунки имрўз рисолати  ҳар яки мо устодону волидон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест. Ва дини исломи пок ин ҷангу ҷидолро пурра маҳкум менамояд, зеро дини ислом дини ҷангҷӯ нест, дини нифоқу надомат нест. Дини ислом, дини иттифоқу дини ахлоқ аст. Хушбахтона ҳамаи ин мақсадҳои мухолифон сари вақт ошкор ва пешгирӣ мегардад. Ин ҳама барои амнияти миллии мардумони кишвар роҳандозӣ мешавад, ки сарсупурдагони роҳи ҳаҷу ватандӯст, ҳамеша барои ҳифзи мардум ва манфиатҳои милливу маънавии кишвар саҳм мегиранд.