ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГЕСТ БАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ!

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муаммои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии аҳолии сайёра гардидааст. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини ҷаҳонро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифта, ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи замин пайдо шуданаш мумкин аст.

Аслан гирем, тафсири лӯғавии террориз тибқи илми этимология аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда, он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад. Умуман маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ шарҳу тафсир карда шудааст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Ба ҳамин хотир ҷавонон ва сокинони кишварро мебояд аз зуҳуроти номатлуб дурӣ биҷӯянд ва худро ҳаргиз гирифтори ин вабои аср насозанд, зерро терроризм хатарест бар тамоми сайёра.