ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА : РОҒУН ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ва миллати тоҷик мебошад ва имрӯз мо марҳила ба марҳила, зина ба зина ба ин рӯз расидаистодаем. Яъне нақшаҳои дар пеш гузошта шуда, амалӣ гардида истодаанд ва ин як давраи фаромӯшношудании ҳаёти мардуми кишвар аст. Албатта саҳми беандозаи Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода басо баланд аст ва маҳз талошҳову ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуд. Қайд кардан ба марид аст, ки баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ басо корҳо анҷом дода шудааст, аз ҷумла оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Помир – 1, нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран – 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззамт миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Ҳамаи ин дастворадҳои бузурги даврони истиқлолият дониста мешаванд ва маҳз бо талошҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Мо устодону омӯзгорони донишкада ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ин дастовардҳои меҳанро ҳифз намоем ва арзадатарин пайравони Пешвои муаззами миллат бошем.