Номаи табрикотии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

Дар номае ба унвонии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода омӯзгорони донишкадаро ба ин рӯз табрик намуда, баҳрашон таманниёти нек орзу намудааст. Аз ҷумла дар номаи мазкур омадааст: “Маҳз меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоёнаи омӯзгорон аст, ки дар ҷомеа наслҳои бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, ватанпарвар, забондон, ҷасур аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои ахлоқи ҳамида ба воя расида, дастовардҳои Истиқлолияти мамлакатро афзун ва ҳифз менамоянд .”

Матни комил дар акс: