ДӮСТИ ҲУНАРМАНДИ МАН

Дар водии Фарғона аз қадим ҳунармандӣ ривоҷ ёфта буд. Косаю табақи сафолини Риштон, қолини Баткен, нишоллои Хуҷанд то ба ҳол машҳуранд. Дар фосилаи на чандон дур аз бозори Панҷшанбеи Хуҷанд пайгирихои бостоншиноси ба намоиш гузошта шудааст.Дар ин расадхона метавон ашёхои кадимии мардуми гунобод, зуруфу ашёхои кадими, сикахои кадими, катибахои очарии мадрасаи нучумия ва чандин асари мухими дигарро дид.

Дар коргахи кузагаре рафтам душ

Дидам ду хазор куза гуёву хамуш

Ногох яке куза баровард хуруш

Ку кузагару кузахару кузафуруш

 

Инчо боз мехохам таваччухи шумо хонандагони азизро ба санъати сафолгари дар Конибодом ном шаҳре  чалб кунам. Дустам ҳунарманди асил Бӯрибой Мавлонов  маро ба коргохи сафолгари воқеъ дар кучаи Кулолгарон  овард, ки бо у сухбати хубе доштам.Ва омадан ба ин коргох омиле шуд бар нигоштани чанд нуктае рочеъ ба уву ин санъат.

 

Вакте вориди коргохи сафолгари шудем, чарх мечархид ва дастони хунарманди сафолгаре ба кавли маъруф хокро ба хунар кимиё мекард. Ин сафолгари мохири конибодомиро  ном Бурибой  буд, ки дар Конибодом  уро шухрат ба тамом аст.Мавсуф 30 сол аст,ки бо дастони накшбандаш ризку рузии хонаводаашро дар миёни хоку обу рангу накш ба даст меоварад ва имруз ин хоку обу ранг хамдами уянду бо у ишк меварзанд.У ошики кораш хаст ва корашро дуст медорад.Махсули дасташро хамеша аз дохилу хоричи чи шахру чи кишвар мечуянд ва у аз ин хисоб завраки зиндагияшро пеш мебарад.Накшхои сафоли Конибодом  асосан баргирифта аз афсонаю ривояти тоҷикӣ ва пуррамзу роз нишонаи хуввият ва асолати фарханг махсуб мешавад

 

Кобил ба зикр аст,ки санъати сафолгари дар Конибодом  хаддиакал пешинаи  панч хазор сола доштааст.Баррасихои бостоншиноси дар шахристони Конибодом  нишон додааст,ки хаддиакал аз хазораи саввуми пеш аз милод сафолгари дар ин минтака ривоч доштааст. Сафолхои пароканда  дар деворхои бостони ва чамъоваришуда аз лояхои тамаддуни ба дунболи канданихои бостоншиноси то авохири даврони Сафавия хамонанди сафолхои дигар деворхо ва зистгоххои Хуросон буда ва вачхи мушахас надоранд.Аммо аз авоили карни дувоздахуми хичри навъе сафоли чадид бо вижагихои хос дар Конибодом  зохир гардида аст.

Маҳсулоти сафолини худро дар бозорҳои Бодканду Қӯқанд дӯсти ҳунарманди ман фурухта ба рушди дӯстӣ саҳмгузор хоҳад шуд.

Ниёзбеки Назир, омузгор