Донишҷӯёни донишкада дар ҳафтаи худидоракунии МИҲД-и шаҳри Бӯстон

16 майи соли 2022 раиси  шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва моҳвораи ҷавонон як қатор донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки дар ҳафтаи худидоракунӣ иштирок меварзанд ба ҳузур пазируфт.

Мудири бахши кор бо ҷавонон донишкада Шаҳбоз Насриддинов аз номи ҷавонони донишкада ба раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мавсума Муинӣ ҷиҳати ғамхорӣ намудан ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ваъда дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки нисбати ҷавонон равона гардидааст, талош менамоянд, то содиқона ба халқу Ватан хидмат намоянду дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сурат гирифта, он дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.