ДИҚҚАТ! ЭЪЛОНИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ИЛМ- ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон мерасонад, ки санаи 4-уми апрели соли 2024, соати 13:00 дар толори видеоконфронси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи шаш номинатсия баргузор мегардад:
математика (арифметика, алгебра, геометрия);
физика ва астрономия;
химия;
география;
технологияи иттилоотӣ;
ихтироъкорӣ ва навоварӣ;
Барои маълумоти бештар хоҳишмандем ба раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед.

Суроға: Бинои 2, утоқи 9
Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.