Имрӯз, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олим ва муҳаққиқи ҷавон, дотсент Раҳимзода Ҳаёт барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди илмҳои техникӣ, гузаронидани як силсила корҳои таҳқиқотӣ бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Раҳимзода Ҳаёт аз ҷавонони хештаншиносу масъулиятшинос, ватандӯсту огоҳ буда, баҳри рушди илм ва таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгори ҷавон Раҳимзода Ҳаётро барои шарафёб гардидан ба ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, бар ӯ барору муваффақият, сарбаландиву саодатмандӣ ва дар роҳи расидан бар қуллаҳои баланди илмӣ пирӯзӣ таманно менамояд.
Диплом ва Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хуҷаста бод, олими ҷавон Раҳимзода Ҳаёт Шифоқул!
Шуъбаи иттилоот



