Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар шаҳри Душанбе дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.», ки бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони хориҷӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар иттилоияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҷеъ ба форуми имрӯза ба нашр расида, омадааст, ки “дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, намояндагони вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд”.
Ёдрас мешавем, ки профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ яке аз олимони варзидаи соҳаи иқтисод буда, дар рушди илми иқтисод саҳми арзишманди хешро гузоштаанд.

